Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси чоруми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» баргузории панелҳои махсус ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус зимни брифинги матбуотӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласаи якум интизориҳои ҷонибҳои манфиатдор аз Конфронси соли 2028 баррасӣ ва раванди арзёбии натиҷаҳо ва дастовардҳои калидии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об оғоз карда мешавад. Дар ҷаласаи дуюм аҳамияти муколамаҳои интерактивии мавҷуда ва зарурати таҷдиди назар кардани онҳо бо назардошти мушкилот ва афзалияти нав баррасӣ мегардад. Ҷаласаи сеюм ба муҳокимаи васеътар ва дурнамо дар мавзуи «Об дар рӯзномаи пас аз соли 2030» бахшида мешавад.
Аз иштирокдорон даъват карда мешавад, ки дар бораи нақше, ки захираҳои об бояд дар рӯзномаи ояндаи рушди ҷаҳонӣ пас аз соли 2030 мебозанд, табодули назар намоянд. Ҳар панели махсусро ҳадди ақалл ду созмондиҳанда — давлатҳои аъзо, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ё дигар ҷонибҳои манфиатдор бо иштироки то панҷ шарик роҳбарӣ мекунанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






