Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус итминон дорад, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 хотима меёбад ва низоми фавқулодаи байналмилалӣ бинобар ин беморӣ лағв хоҳад шуд. Мавсуф дар ин хусус зимни ба ӯ супурдани медали Томас Фрэнсиси хурдӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар соҳаи тандурустӣ изҳори назар намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, матни изҳорот шаби сешанбе аз ҷониби хадамоти матбуоти ТУТ паҳн шудааст.
«Ман итминон дорам, ки дар ягон лаҳзаи ин сол мо метавонем бигӯем, ки COVID-19 ҳамчун ҳолати фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад ва ҳамчун пандемия ба анҷом расид», — баён намуд Гебрейесус.
Ӯ ёдовар шуд, ки 11 март расо се сол сипарӣ мегардад, ки ТУТ бори аввал дар бораи он ки хуруҷи ҷаҳонии COVID-19-ро метавон ҳамчун пандемия тавсиф кард, эълон намуд. Ин лаҳзаи муҳиме буд, ки таваҷҷуҳи расонаҳои ҷаҳониро ба худ ҷалб кард. Аммо, аз нуқтаи назари ТУТ, арз намуд ӯ, муҳимтар аз он лаҳзае буд, ки шаш ҳафта пештар, 30 январи соли 2020 — ташкилот паҳншавии коронавирусро ҳолати фавқулодаи тандурустии ҷамъиятии дорои аҳамияти байналмилалӣ эълон намуд.
Дар байни «дарсҳо»-и пандемия, ки бояд омӯхта шаванд, ӯ аҳамияти сармоягузории зиёд ба соҳаи тандурустӣ, тадқиқот ва ҳамкории байналмилалиро номбар намуд.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз