Ширкати «Parimatch» созишномаи сарпарастиро бо дастаи футболи «Хатлон» то охири соли 2025 тамдид намуд

Март 18, 2023 17:45

ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 марти соли равон дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор гардид, ки зимни он Ширкати байналмилалии букмекерии «Parimatch» шартномаи сарпарастиро бо дастаи футболи «Хатлон» то охири соли 2025 тамдид намуд.

Дар нишасти матбуотӣ директори генералии «Париматч Тоҷикистон» Абдусаттор Ҳасанов ва Раиси дастаи футболи «Хатлон» Исроил Шарифов иштирок доштанд.

Дастаи футболи «Хатлон» дорои таърихи бой мебошад, ки аз солҳои дури 1960 оғоз ёфтааст. Дастаи шаҳри Бохтар дар варзишгоҳи «Пахтакор», ки метавонад то 15 000 тамошобинро қабул намояд, мунтазам бозиҳои хонагӣ мегузаронад. Дар толори шарафи даста шаш унвон: се чемпиони ҶСШ Тоҷикистон ва се чемпиони Тоҷикистон, инчунин якчанд маҷмӯи медалҳои нуқраю биринҷии чемпионати маҳаллӣ, ду ҷоми мамлакат мавҷуданд. Мактаби футболи Бохтар яке аз пурқувваттарин мактабҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

««Париматч», ки пуштибони воқеии варзиши тоҷик аст, аз тамдиди созишнома бо яке аз беҳтарин дастаҳои футболи Тоҷикистон — дастаи футболи «Хатлон» ифтихор мекунад. Дастаи «Хатлон» ва ширкати моро майли доимии муваффакият ва ба даст овардани натиҷаҳои хуб муттаҳид менамоянд. Бовар дорем, ки «Хатлон» минбаъд низ бо бозии худ мухлисони бешумори тоҷикро шод хоҳад кард ва мехоҳем ба ин даста дар роҳи расидан ба ҳадафҳояш мусоидат намоем. Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба «Хатлон» дар мавсими нави Лигаи олии Тоҷикистон, ки дар он низ шарикони расмӣ ҳастем, барору комёбӣ таманно намоям», — гуфт директори генералии «Париматч Тоҷикистон» Абдусаттор Ҳасанов.

«Имрӯз бо камоли мамнуният «Париматч Тоҷикистон»-ро ҳамчун шарики расмии худ ва пуштибони воқеии варзиши тоҷик истиқбол мекунем. Боварӣ дорам, ки ҳамкорӣ бо «Париматч Тоҷикистон» ба мо имкон медиҳад, ки ба ҳадафҳои худ ва ба қуллаҳои нав бирасем. Мехоҳам бигӯям, ки дастаи футболи «Хатлон» аз куҳантарин дастаҳои Тоҷикистон буда, таърихи ғанӣ дорад. Дастаи мо тарбиятгоҳи футболи тоҷик аст ва ҳамасола дар он футболбозони ҷавону боистеъдод тарбия меёбанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар ин мавсим моро бозиҳои ҷолиб, голҳои зиёд ва ғалабаҳо интизоранд», — гуфт раиси дастаи футболи «Хатлон».

Раиси КФ «Хатлон», ишора намуд, ки: «Тавре ба ҳамагон маълум аст, «Париматч» ширкати байналмилалӣ буда, варзишро дастгирӣ менамояд ва шарики беҳтарин дастаҳои футболи ҷаҳон, аз ҷумла дастаи футболи «Хатлон» мебошад. Боварӣ дорам, ки дар якҷоягӣ бо «Париматч» ба мо муяссар мегардад, ки дар мавсими оянда ба мақсадҳои худ ноил шавем ва ба куллаҳои нав бирасем. Мехоҳам бигӯям, ки дастаи футболи «Хатлон» аз куҳантарин дастаҳои Тоҷикистон буда, таърихи ғанӣ дорад. Дастаи мо тарбиятгоҳи футболи тоҷик аст ва ҳамасола дар он футболбозони ҷавону боистеъдод тарбия меёбанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар ин мавсим моро бозиҳои ҷолиб, голҳои зиёд ва ғалабаҳо интизоранд», — тазаккур дод раиси дастаи футболи «Хатлон» Исроил Шарифов.

 

Дар бораи ширкати «Parimatch»

«Parimatch» яке аз бузургтарин ширкатҳои букмекерӣ дар Аврупо ва ИДМ мебошад, ки дар тӯли солҳои рушди фаъол ба яке аз пешсафони арсаи Аврупо табдил ёфтааст. Ширкат яке аз фаъолтарин бозигарони бозори маркетинги варзишӣ буда, бо федератсияҳо ва дастаҳои пешрафта ва маъруфтарини MMA, аз ҷумла UFC ҳамкорӣ мекунад.

АКС: шикрати «Parimatch»

Март 18, 2023 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 37 ҷудочӣ иштирок менамоянд
Дар Душанбе дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзалро истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои занона (U-18) ба анҷом расид
Шоми имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз иштирок дар Ҷоми Осиё-2024 ба Ватан бармегардад
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футзал 100 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуданд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат 1 май баргузор карда мешавад
Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Абубакр Боқиев сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Тайиланд бозӣ менамояд
Пайрав Воҳидов: «Ба муқобили дастаи Тайиланд танҳо барои ғалаба бозӣ менамоем»
Чемпиони дукаратаи олимпӣ, чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон оид ба ҷудо Шоҳей Оно ба Душанбе меояд