Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд

Март 10, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони нахустин иҷлосияи даъвати 14-уми маҷлиси умумихалқии намояндагони мардумии Чин (МУНМЧ, парлумон) рӯзи ҷумъа якдилона барои интихоби дубораи Си Ҷинпин ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин раъй доданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа».

Дар овоздиҳӣ 2952 нафар иштирок намуд.

Моҳи октябр, пас аз анҷумани 20-уми Ҳизби коммунистии Чин (ҲКЧ), Си Ҷинпин инчунин барои бори севвум ба мақоми котиби кулли Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Чин интихоб гардид.

Си Ҷинпин соли 1953 дар Пекин дар оилаи пешвои барҷастаи инқилобӣ ва сиёсии Чин ба дунё омадааст. Соли 1974 ӯ ба сафи Иттиҳоди коммунистии ҷавонони Чин шомил шуда, баъдан якчанд вазифаҳои ҳизбиро дар сатҳи вилоятҳо ба уҳда дошт. Аз соли 1999 то соли 2002 волии музофоти Футсзяни шарқӣ, соли 2007 узви Кумитаи доимии (КД) Бюрои Сиёсии КМ (КМҲК) буда, моҳи марти соли 2008 муовини раиси ҶМЧ интихоб гардид.

Си Ҷинпин моҳи ноябри соли 2012 раиси Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ ва Шӯрои низомии Ҳизби коммунистии Чин таъйин шуда, моҳи марти соли 2013 роҳбарии давлат ва раёсати Шӯрои марказии ҳарбии Чинро ба уҳда гирифт.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Синхуа»

Март 10, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд