ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 март, ҷумъа, 69-умин рӯзи соли 2023 аст

Март 10, 2023 08:00

10 марти соли 2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Арабии Миср ба Донишгоҳи Қоҳира ташриф оварда, дар назди устодону донишҷуён суханронӣ намуданд.

***

Дар ҳамин рўзи соли 2022 бо қарори Шӯрои илмиву таълимии Донишоҳи Қоҳира барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Миср, рушду густариши робитаҳои илмӣ, амниятӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва ба хусус ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ба Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони “Доктори фахрӣ” супорида шуд.

***

10 марти соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавии 100-солагии матбуоти тоҷик иштирок карда, рӯзноманигорон, кормандон ва собиқадорони воситаҳои ахбори оммаро табрик намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 тибқи номаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки ҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти «Панели сатҳи баланд роҷеъ ба об» интихоб ва пазируфта шуданд.

10 МАРТ:

  Рӯзи байналмилалии занҳое, ки судя ҳастанд

***

Дар  Озарбойҷон – Рӯзи театри миллӣ.

РӮЙДОДҲО:

10 марти соли 1931 дар Тоҷикистон ноҳияи Рашт таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 дар Душанбе нашри махсуси маҷаллаи «Помир» аз чоп баромад, ки ба робитаҳои фарҳангию адабии Тоҷикистон ва Қазоқистон бахшида шуда буд.

***

10 марти соли 2010 15 ширкати сайёҳӣ Тоҷикистонро дар намоиши «ITB BERLIN» дар Олмон муаррифӣ карданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Рафоат Абдусаломова —  соли 1939 — наттоқи Телевизиони Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

***

Улфатмо Мамаданбарова — соли 1937 — сароянда, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон

Март 10, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш