ТАБИАТ БОЗ ХАНДОН ШУД! Имрӯз аввалин рӯзи фасли баҳор аст

Март 1, 2023 08:16

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз фасли шукуфтанҳо -баҳори нозанин бо накҳати атрогинаш  ба Тоҷикистон  омад ва табиати  нотакрори  ин сарзамини куҳанбунёдро  боз ҳам  зеботару назаррабо  гардонид.

Тоҷикистониён баҳорро фасли дӯстдоштаи худ медонанд, онро бесаброна интизорӣ мекашанд ва беҳуда баҳорро  арӯси сол нагуфтаанд.

Баҳор фасли эҳё, оғози кишту кор, замонест, ки кишоварзон  дар такопӯ афтода, барои пур кардани хони мардум ба замин донаи умед мекоранд.

Як рўзи баҳор пур кунад анбор

Бо омадани фасли баҳор деҳконони мамлакат сертараддуд мешаванд. Онҳо  бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони мардум, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ аз тамоми имконият истифода мебаранд. Онҳо аз ҳар рўзи офтобии фасли баҳор самаранок истифода бурда, баҳри ба даст овардани ҳосили фаровон ранҷи зиёд мекашанд. Зеро беҳуда нагуфтаанд, ки «як рўзи баҳор пур кунад анбор».

Фасли баҳор ҳамчун айёми ниҳолшинонӣ мавсими тоза сохтани шохаву навдаҳои зиёдатии дарахтон ва нарм кардани бехи онҳо мебошад.

Имрӯзҳо ин ташаббуси нек дар саросари мамлакат авҷ гирифта, бо шарофати он гӯшаву канори шаҳру деҳотамон боз ҳам  сабзу хуррам гардида истодааст.

Ба гуфтаи олимони соҳаи кишоварзӣ, беҳтарин замон  барои шинонидани ниҳол ҳавои салқин аст, зеро дар ин вақт ҳанӯз дарахтон хобидаанд. Рӯзҳои авввали баҳор низ барои шинонидани ниҳолҳои гуногуни ороишиву ҳамешасабз ва гулу бутаҳо хеле созгор мебошад.

Тибқи иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии  мамлакат, ба ҳолати 24 феврали соли равон дар майдони 25,4 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки аз он боғ- 23,1 гектар, токзор- 2,3 гектар буда, боғҳои интенсивӣ- 1,3 гектар ва барқароркунии боғу токзори куҳна 1715 гектарро дар бар мегирад.

Тавре саркишоварзи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикниҳолпарвар»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Ворисов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз ҷониби корхонаи мазкур барои мавсими тирамоҳи соли гузашта ва баҳори соли 2023 тақрибан як млн бех ниҳоли мевадиҳанда, ороишӣ ва  ҳамешасабз барои фурӯш омода гардидааст. Аз он 599 ҳазору 402 бех дарахтони мевадиҳанда, 170 266  бех ниҳоли ток, 41708 бех дарахти тут, 193 872 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу  сояафкан, ороишӣ ва беш 55 ҳазор бех гули садбарг, 2 ҳазору 785 бех дарахтони нодир ва дигар навъҳо мебошанд.

«Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ,  ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд», — гуфт Мирзо Ворисов.

Тавре бузургон мегӯянд, «ҳар шахсе, ки ниҳолеро шинонад ё зироатеро кишт кунад ва аз он  дигарон нафъ бардоранд, он барояш садақа аст».

Шаклдиҳӣ ва буридани шоху навдаи дарахтон

Ба андешаи ин коршинос, шохабурӣ муҳлати худро дошта, вобаста ба навъу хусусияти биологӣ дарахтон шаклдарории муайян доранд. Шаклдарории шохсори дарахтон яке аз тадбирҳои муҳими боғдорист. Шохсори дарахтон ба тарзҳои гуногун ба шакл дароварда мешавад. Буридани шоху навдаҳо ҳосилнокиро зиёд, устувории шоху навда ва пойдории дарахтро мустаҳкам, таркиби кимиёвии меваро хуштаъм, ҳаҷми меваро калон, сифатнокиашро баланд, инчунин байни қаторҳо гаштани тракторҳоро ҳангоми коркарди замин ва пошидани заҳрҳои кимиёвӣ бар зидди касалию ҳашароти зараррасон осон мегардонад.

Дар айни замон дар боғдории ҷумҳурӣ чор шакли шохсор васеъ қабул гаштааст, ки онҳоро вобаста ба шакли  боғ ва намуди дарахтони мевадиҳанда истифода мебаранд.

Гуфта шуд, ки вобаста ба шароити маҳал, намуд, навъ, синну сол, инчунин мақсади гузошта дарахтонро охири тирамоҳ, зимистон, баҳор ва тобистон мебуранд. Дар шароити ҷумҳурии мо пас аз хазонрез  буриданро сар кардан мумкин аст. Хуб мешуд, ки дар навбати аввал охири тирамоҳу зимистон дарахтони себ, баъдтар ноку олуро буред. Охирҳои зимистон ва аввали баҳор, ба истиснои рӯзҳои хунук бо навбат биҳӣ, олуболу, гелос, зардолу, бодом ва шафтолуро буридан беҳтар аст.

Ба тавсияи олимон, то пурра ба ҳосил даромадани ниҳолҳо бояд   буридани шоху навдаи шохсор ба анҷом расад.

Баҳор фасли пур аз ҷашнҳост

Дар фасли баҳор ба ҷуз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ иду ҷашнҳои зиёде таҷлил карда мешаванд. Яке аз идҳои анъанавии миллии халқҳои ориётабор, ки бо фарорасии баҳор ҷашн гирифта мешавад, иди байналмилалии Наврӯз аст, ки 21 — 24 март таҷлил мешавад. Дар ин фасл инчунин 8 март — Рӯзи Модар, 11 март- Рӯзи матбуоти тоҷик, 23 май -Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамчунин озмуни «Сайри гули лола» ва Фестивали  фарҳангӣ-фароғатии «Чакомаи гесӯ»-ро таҷлил менамоянд.

Тавре шоир мегӯяд:

Ҳаво гарму замин нарму гулу себарга рақсон шуд,
Табиат боз хандон шуд. Баҳорон шуд! Баҳорон шуд!

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 1, 2023 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон ба иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ туҳфаҳои моддию молиявӣ тақдим карда шуд
Зулфиқор Гулаҳмадзода: «Ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бояд ба тарзи бефосила, бетанаффус ва доимӣ машғул шавем»
ҲИФЗИ ВАТАН ВА ҲИМОЯИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МАРДУМ. Ин амал барои ҳар шаҳрванди огоҳу соҳибватан вазифаи муқаддас аст
Дар Душанбе чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам!» доир карда шуд
ГУЛЕ, КИ ТАРБИЯТ АЗ ДАСТИ БОҒБОН НАГИРИФТ. Чаро баъзе аз падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд?
Президенти Тоҷикистон: «50 фоизи аҳолии қобили меҳнати Тоҷикистон ба Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷалб шуда буд»
Дар Душанбе пайвастшавии 3300 иншоот ба шабакаҳои гармдиҳӣ ба нақша гирифта шудааст
Дар Хатлон бо иштироки 25 оилаи намунавӣ даври вилоятии озмуни «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 55 нафар афсарону сарбозони тоҷик ба унвони баланди «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» мушарраф гардиданд»
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба ду иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Ҳисор расонида шуд
Оид ба нақши ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряҳҳо ҳамоиш доир шуд
Либоси зебою шинами миллӣ дар ҳамаи давру замон зинатбахши занону духтарони тоҷик аст