Тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар дар Вена муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар, ки 13 март дар шаҳри Вена оғоз ёфт, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.
Дар иҷлосия дар баробари ҳайати Тоҷикистон вазирон ва роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СММ низ иштирок доранд.
Директори Агентӣ дар рӯзи аввали кори иҷлосия сухан гуфта, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба вазъи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва минтақа, бахусус вазъи нигаронкунандаи қочоқи маводи нашъаовар тавассути сарҳади Афғонистону Тоҷикистон, чораҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат барои мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз ҷумла пурзӯр намудани назорати сарҳад, сохта, ба истифода додани иншооти сарҳадӣ ҷалб намуд.
Инчунин давлатҳои маблағгузор ва созмонҳои байналмилалиро даъват намуд, ки дар таҳким бахшидани назорати сарҳад бо Афғонистон Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.
Ҳамчунин дар ҳошияи Иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуд.
Дар чорабинӣ оид ба ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, нақшаҳо ва дурнамои ҳамкорӣ маърӯза карда шуда, таваҷҷуҳи ҳозирин ба ташаббуси ҷумҳурӣ доир ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе ҷалб гардид.
Дар чорабинии мазкур Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, муовини Дабири кулли СММ, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ғода Фатҳи Валӣ, намояндагони Русия, Ҳиндустон, Чин, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва дигар ҳайатҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.


Бояд гуфт, ки дар ҳошияи Иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар иштироки ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канорӣ ва вохӯриҳои алоҳида бо роҳбарони якчанд ҳайат дар назар аст.
Иҷлосия то 19 март идома меёбад.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






