«ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН–ОМИЛИ МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки 24 декабри соли 2022 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки равандҳои гуногуни геополитикӣ ба манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод мекунанд, саривақтӣ мебошад. Ин матлаб дар ҳамоише, ки дар Осорхонаи миллӣ дар мавзӯи «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили муттаҳидии миллат» доир гардид, баён карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод, ҳамоиш бо ибтикори Осорхонаи миллӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир карда шуд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» табодули назар намуда, гуфтанд, ки ватандӯстӣ — принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ буда, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои давлатӣ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Зеро ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардану муҳофизат намудани он ифода меёбад.
Таъкид гардид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки соли гузашта аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, дар тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон нақши муассир хоҳад гузошт.
Тарбияи ватандӯстӣ омили муҳими рушди давлатдории миллӣ буда, дар натиҷаи он шаҳрвандон миллату давлат ва сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, фарҳангу таърихи гузаштаи худро ҳимоя намуда, баҳри рушди давлат содиқона меҳнат мекунанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд






