Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT – 2023» иқтидори сайёҳии худро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 18 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT- 2023» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳу табобатгоҳҳои мамлакат имконияти сайёҳи ҷумҳуриро муаррифӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат иттилоъ доданд.
Дар намоишгоҳи мазкур гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар масоҳати 24 метри мураббаъ ташкил шуд, ки дар он иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои туризми варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимӣ инъикос гардид.
Иштирок дар чунин намоишгоҳи байналмилалӣ имкон медиҳад, ки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бештар гардида, инчунин барои васеъ гаштани ҳамкорӣ бо давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.


«MITT-2023» бузургтарин намоишгоҳи сайёҳӣ дар Русия дар сатҳи «Туризм ва фароғат» буда, он платформаи тиҷоратии байналмилалӣ барои кишварҳо, минтақаҳо ва ширкатҳои сайёҳии тамоми ҷаҳон мебошад, ки маҳсулот ва хизматҳои худро дар бозори Русия муаррифӣ мекунанд.
Ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонони намоишгоҳ имкон пайдо намуданд, ки бо намояндагони ассотсиатсияҳои ҷаҳонии сайёҳӣ, танзимгарони соҳа вохӯрию суҳбат доир намуда, муштариён ва шарикони нав пайдо кунанд ва ҳамкориро бо мақсади рушди туризм тақвият бахшанд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ










САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид






