Вакилони Парлумони Тоҷикистон дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти роҳбарии раиси Комиссия, раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова ҷаласаи Комиссияи мазкур баргузор шуд, ки дар кори он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ ва намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода иштирок ва сухан намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Насиба Содиқӣ дар ҷаласа оид ба таҷдиди муқаррароти Қонуни намунавӣ «Дар бораи асосҳои фаъолияти ҷавонон», лоиҳаҳои қонунҳо дар соҳаи истифодаи зеҳни сунъӣ, дастгирии молиявии фаъолияти инноватсионӣ ва лоиҳаҳои таълимӣ барои мактаббачагон ва олимони ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ибрози андеша намуд.
Дар ҷаласа инчунин намояндагони парлумонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон, инчунин кормандони Котиботи Шӯрои АБ ИДМ таҳти роҳбарии Котиби генералии Шӯрои АБ ИДМ Дмитрий Кобитский иштирок доштанд.
Вакилон ва сенаторҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил татбиқи Нақшаи нави қонуни намунавӣ дар ИДМ барои солҳои 2023-2025-ро, ки дар сессияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарлумонӣ дар Самарқанд тасдиқ шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷаласа муовини сардори Маркази таҳлили низоми Донишгоҳи давлатии иқтисодии Беларус Виолетта Ладутко дар бораи таҳаввулоти аввалини лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи фондҳои мақсадноки дастгирии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ» сухан гуфт.
Дар концепцияи лоиҳаи қонун принсипҳои ягонаи ташкил ва фаъолияти фондҳои мақсаднок муайян карда шуда, асосҳои танзими ҳуқуқӣ, роҳҳои ташаккул ва тартиби ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ инъикос ёфтаанд. Моддаҳои қонуни намунавӣ доираи шахсонеро, ки метавонанд ҳамчун сармоягузор баромад кунанд, муайян намуда, ҳолатҳои манъи истифодаи маблағро номбар мекунад.
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин бо корҳо оид ба лоиҳаи таҳрири нави қонуни намунавӣ «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» шинос шуданд. Қабули он ба таҳкими ҳамкории олимон дар давлатҳои ИДМ ва баланд бардоштани мақоми субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ дар доираи ҳамкории байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Дар ҷаласаи комиссия ҳамчунин лоиҳаи байналмилалии таълимии «Ҷаҳишҳои технологӣ – муҳандисони оянда» муаррифӣ карда шуд. Ҳадафҳои он ташаккул додани малакаҳои истифодаи технологияҳои нави татбиқшаванда аз ҷониби мактаббачагон ва донишҷӯён, мусоидат ба таълими салоҳияти дахлдори технологӣ дар доираи рушди касбҳо ва омода кардани мутахассисон барои бахши воқеии иқтисодиёти мамлакатҳои ИДМ мебошад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






