21 нафар зимни сӯхтор дар беморхонаи Пекин ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагони сӯхтор дар беморхонаи Пекин ба 21 нафар расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» хабар медиҳад.
Тавре Телевизиони марказии Чин (CCTV) иттилоъ додааст, сӯхтор 18 апрел, тақрибан соати 13:00 ба вақти маҳаллӣ дар қаноти шарқии шуъбаи бемористони «Чанфэн»-и Пекин, воқеъ дар ғарби пойтахти Чин рух додааст. Наҷотдиҳандагон давоми 30 дақиқаи баъди расидан ба ҷои ҳодиса сӯхторро хомӯш карданд. Баъди 2 соат амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот пурра анҷом дода шуд.
71 маризи беморхона тахлия карда шуд. Ҳалок шудани 21 нафар маълум аст.
Сабаби сар задани сӯхтор таҳқиқ мешавад.
Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ин сӯхтор марговартарин сӯхтор дар Пекин дар солҳои охир маҳсуб мешавад. Соли 2017 зимни сӯхтор дар ҷануби Пекин 19 нафар ҳалок ва 8 тан маҷруҳ шуда буд.
Қаблан дар яке аз иншооти саноатӣ дар вилояти Чжэтсзян дар шарқи Чин сӯхтор ба амал омад. 11 кас ҳалок шуд.
АКС: news.cctv.com








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






