БА ЗИМИСТОН ОМОДАГӢ МЕГИРЕМ! Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 тасдиқ шуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар мамлакат Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон тасдиқ гардида, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 таъсис дода мешавад. Дар ин хусус дар қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 марти соли 2023 ба имзо расид, иттилоъ дода шудааст.
Дар асоси қарори мазкур вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар вазифадор гардидаанд, ки то санаи 10-уми ҳар моҳ оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 маълумот пешниҳод намоянд.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» оид ба тасдиқ ва пешниҳоди нақшаҳои таҳвил ва захиракунии ангишт (1,1 миллион тонна бо назардошти бақия) барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармдиҳии №2-и шаҳри Душанбе) ва мазути камсулфур (30 ҳазор тонна бо назардошти бақия) ва интиқоли гази табиӣ барои Маркази барқу гармдиҳии №1 ва дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ»-и пойтахт вазифагузорӣ карда шудааст.
Тибқи қарори мазкур, соли равон пайвастшавии 3200 иншоот ба шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз тарафи марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ» 2767 иншоот бо гармӣ таъмин гардиданд.
Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки нақшаи захиракунии маводи асосии ғизои босифату дастрас (орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка, консерваҳо ва маҳсулоти дигари озуқаворӣ) дар бозорҳо ва анбору сардхонаҳо, новобаста аз шакли моликияти онҳо таҳия ва тасдиқ карда шаванд.
Тибқи итилои Вазорати кишоварзии мамлакат, дар ҷумҳурӣ 496 анбор, сардхона ва яхдон сохта ва барқарор карда шудааст, ки аз он 218 адад сардхона, 49 яхдон ва 229 адад анборхона мебошад. Иқтидори ғунҷоиши онҳо 187055 тонна маҳсулоти кишоварзиро доро буда, ба пешгирӣ намудани талафёбии маҳсулот, захираву нигоҳдорӣ ва ба роҳ мондани содирот мусоидат менамояд.
Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки то соли 2025 дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе 5 маркази логистикӣ сохта ба истифода диҳад.
«Агар дар анбор, сардхона ва яхдон маҳсулот танҳо нигоҳдорӣ ва захира шавад, дар марказҳои логистикӣ маҳсулоти кишоварзӣ нигоҳдорӣ, захира ва банду басту интиқол дода мешавад. Барои сохтани маркази логистикӣ дар ҷумҳурии мо шароити мусоид хеле зиёд аст. Ин марказҳо ба мо имконият медиҳад, ки иқтисодиёти худро пеш барем ва аз ҳисоби он ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд», — тазаккур доданд масъулин.
Бояд ёдовар шуд, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда насб намудани фурўзонакҳои каммасраф, насб намудани ҳисобкунакҳои обӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, андешидани чорабиниҳои зарурӣ ҷиҳати таъмири иншооти обёрикунанда, обгузару обгирӣ, пойгоҳҳои обкашӣ, селпартоҳо ва заҳбуру заҳкашҳо дар назар дошта шудааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад






