Баландтар аз ҳама: шабакаи мобилӣ дар Суғд чӣ тавр бунёд меёфт?

Апрель 12, 2023 15:15

ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 200 ҳазор муштарӣ, зиёда аз 60 толори алоқа, беш аз 400 пойгоҳи базавӣ, ки дар нисфи онҳо стандарти босуръати 4G фаъол мебошад – бо ҳамин гуна натиҷаҳо раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд 20-солагии худро таҷлил менамояд. Ба оператор муяссар шуд, ки яке аз шабакаҳои боиқтидорро бунёд намуда, 95% аҳолии минтақаро бо хизматрасонии алоқа таъмин намояд. Биёед ба ёд оварем, чӣ тавр ҳамааш оғоз меёфт.

Як манора барои се шаҳр

Таъмин кардани фарогирии ҳарчи васеъ – чунин вазифа аз ибтидо назди кормандони раёсати минтақавии Суғд ё тавре онҳо худро мухтасар ном мебаранд – РМ гузошта шуда буд. Бинобар ин қарор шуда буд, ки аввалин пойгоҳи базавӣ дар манораи баландиаш 110 метр насб карда шавад. Ҳамин тавр имкон буд ба минтақаи қабули устувор якбора якчанд шаҳр – Хуҷанд, Чкаловск ва Ғафуров ва инчунин деҳаҳои наздик ҳамроҳ карда шаванд. Барои муқоиса: баландии муқаррарии иншооти антеннавӣ-мачтавии операторони алоқа 80 метрро ташкил медиҳад. Дар оғози солҳои 2000-ум манораҳои ширкатҳои телекоммуникатсионӣ чандон баланд набуданд. Ба ғайр аз ин антеннаҳои пойгоҳҳои базавӣ бо воситаҳои вусъатбахшандаи иқтидор таъмин карда шуданд. Ширкатҳои дигари телекоммуникатсионӣ на чунин воситаҳои вусъатбахшанда, на манораҳоро бо чунин андозаҳо доро набуданд. Бо ҳамин сабаб МегаФон Тоҷикистон дар бозори алоқаи Суғд худро равшан муаррифӣ намуд.

Мошини боркаш барои мутахассисони алоқа

Якчанд моҳ пас дар Хуҷанд объекти дуюми оператор – пойгоҳи базавӣ дар мачта пайдо шуд, ки он дар боми бинои «Тоҷиктелеком» ҷойгир аст. Пойгоҳи мазкур барои такмили сифати алоқа ва пайвастагӣ бо стансияҳои телефонии шаҳрӣ зарур омада буд.

Ин поя чандон баланд набуд, ҳамагӣ 27 метр дошт, лекин насби он дар ҳолати амудӣ хеле мушкил буд. Конструксияи дорои чунин андозаро метавон дар бом бандубаст кард, вале он чӣ тавр бардошта мешавад? Роҳи ҳал якто буд: ғарғараи борбардорӣ ва мошини боркаш!

Тавре кормандони раёсати минтақавӣ ба ёд меоранд, маҳз дар ҳамон давра онҳо моҳияти кори даставиро дарк намуданд.

Дар алоқа – ҳатто дар дохили кӯҳ

Аз он муддат бисёр иншооти мураккаб насб карда шуд. Мояи ифтихори махсуси мутахассисони алоқаи МегаФон – нақбҳо мебошанд. Сигнали радиоӣ аз сангкӯҳҳо гузашта наметавонад, барои ҳамин ба кор бурдани имконияти махсуси техникӣ зарур меояд, яъне таҷҳизот бевосита дар дохили кӯҳ насб карда мешавад. Рекордгузор аз рӯи дарозӣ – нақбҳои «Шаҳристон» ва «Анзоб» мебошанд. Ҳарду зиёда аз 5 километр масофа доранд. Дар «Шаҳристон» ва «Анзоб» то ҳол танҳо алоқаи МегаФон фаъол мебошад.

Неруи тоза

Мутахассисони ширкат пойгоҳҳои базавиро бештар дар баландии кӯҳҳо, ки дар он ҷойҳо роҳи гузар нест, насб мекунанд. Дар чунин ҳолат мутахассисон маҷбур мешуданд, ки «оҳан»-ро дар китфони худ баранд. На дар ҳама ҷо хатҳои интиқоли неруи барқро барои ба он пайваст кардани таҷҳизот пайдо кардан мумкин буд. Ҳамин тариқ, истифодаи генераторҳои дизелӣ ба таҷрибаи муқаррарӣ табдил ёфт. Дар омади гап, маҳз дар Суғд яке аз аввалин пойгоҳҳои базавие пайдо шуд, ки дар асоси неруи Офтоб ва бод амал мекунанд. Онҳо дар кӯҳи Фон, ки дар он мавзеъ генераторҳои бодӣ ва батареяҳои офтобӣ самараи бештар нишон дода буданд, насб гардидаанд.

Алоқа – барои одамон

Дар айни замон зиёда аз 90% сокинони минтақа ба алоқаи оператори имконияти нави рақамӣ дастрасӣ доранд. Дар бисёри онҳо интернети босуръати 4G фаъол буда, чунин стандарт дар зиёда аз 250 пойгоҳи базавии МегаФон дар Суғд дастгирӣ карда мешавад. Дар ҷамоатҳои Артуч, Вешист, Моғиён ва Ғарибак танҳо муштариёни ширкат имкон доранд, ки алоқаи насли чорумро истифода баранд.

Давоми ду соли охир муҳандисони ширкат диққати махсусро ба инкишофи шабака дар ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом ва Панҷакент равона месозанд. Барои чӣ? Барои он ки маҳз дар ҳамин маконҳо теъдоди муштариён пайваста афзоиш ёфта, хизматрасонии мобилиро низ онҳо фаъолтар ба кор мебаранд. Дар ин ҷода ба онҳо тарофаи «Биё Суғд! Фаъол бош» бо нархи 65 сомонӣ дар як моҳ, ки махсус барои сокинони минтақа пешбинӣ гардидааст, кумак менамояд.

Хулоса: алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» қариб дар ҳама ҷо мавҷуд аст. Лекин аз рӯи миқдори пойгоҳҳои базавӣ мақоми аз ҳама пешсафро ҳудудҳои сераҳолӣ соҳиб мебошанд. Минтақаи фаъолтарин – Панҷакент. Дар ин макон оператор қариб 60 пойгоҳи базавӣ насб кардааст. Қариб 50 пойгоҳи базавӣ дар ноҳияи Ғафуров ва 45 пойгоҳи базавӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир мебошад. Дурусттар баён кунем, ин рақамҳо низ ба наздикӣ ба саҳифаи таърих ворид хоҳанд шуд. Бунёди шабака дар Суғд идома дорад!

АКС: МегаФон Тоҷикистон

Апрель 12, 2023 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

То 2 май дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони шаҳри Бохтар дар замини наздиҳавлигияшон гармхона ташкил намуданд
«IRS» бо мақсади пешгирии қонунвайронкунӣ дар масири Душанбе – Чанок гузаргоҳи назоратӣ таъсис дод
Ба соҳибкори муваффақи тоҷик аз ҷониби Президенти Қазоқистон Медали ҷашнӣ ва Ифтихорномаи фахрӣ супорида шуд
Дар Хатлон нахустин бозиҳои мусобиқаи кӯдаконаи футбол баргузор шуданд
НАҚЛИЁТИ «САБЗ». Ба Тоҷикистон 6047 мошини барқӣ ворид карда шудааст
Кӯчати мағзи устухон дар ҳолати саратони хун ва бемориҳои гематологӣ дар шабакаи клиникаҳои «Acıbadem»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Барои барқарор намудани чарогоҳҳои водии Рашт 20 намуди тухмиҳои бутта ва дарахтон парвариш карда мешаванд
Дар Ҳисор маҳфил – озмуни «Тоҷикистони ман!» оғоз гардид
Имсол дар Хатлон қариб 500 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда мешавад