Бостоншиносон дар Тоҷикистон нахустин осори муҳоҷирати инсон ба Осиёи Марказиро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 21.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Олимони рус бо ҳамкасбони худ аз Тоҷикистон дар ҷараёни экспедитсияи моҳи май дар ҷумҳурӣ маскани палеолити хоки зардро меомӯзанд, ки аз аввалин воридшавии инсон ба Осиёи Марказӣ беш аз 1 миллион сол пеш шаҳодат медиҳад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус 18 апрел хадамоти матбуоти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов хабар додааст.
Экспедитсияи олимони ДДМ ва институтҳои Академияи илмҳои Русия аз 1 то 25 май баргузор мегардад.
«Мо нақша дорем, ки зимни ҳафриёти бузурги археологӣ дар қабатҳои 600 ҳазор, 500 ҳазор, 400 ҳазор ва 300 ҳазор сол дар мавзеъҳои муҳимтарини минтақа 7-8 кофтуков гузаронем, то маҷмааи асбоби сангиро ба ҳадди баландтарин пурра намоем. Ин ба мо имкон медиҳад, ки самтҳои муҳоҷирати қадимиро муайян кунем ва ба саволи он ки аввалин одамон ба Осиёи Марказӣ аз куҷо омадаанд, ҷавоб бидиҳем»,-иброз менамояд роҳбари экспедитсияи байналмилалӣ, корманди илмии пешбари факултети географияи ДДМ Раҷаб Қурбонов, ки суханони ӯро хадамоти матбуоти донишгоҳ иқтибос овардааст.
Корҳои моҳи май даври панҷсолаи таҳқиқоти олимонро дар Ҷануби Тоҷикистон, ки аз ҷониби фонди илмии Русия дастгирӣ мешавад, ба анҷом мерасонад. Ба ҳайати гурӯҳи олимон географҳо, археологҳо, геологҳо, хокшиносон, геофизикҳо ва дигар мутахассисон дохил мешаванд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






