Дар Бадахшон баҳри тавсеаи ҳамкории судманд бо намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.
Таъкид гардид, ки дар заминаи сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманд дар соҳаҳои гуногун бо шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ марҳилаи тоза касб намудааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ, амалисозии нақшаву барномаҳои минбаъда табодули назар намуданд.
Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид (WFP), ки соли 1961 таъсис ёфтааст, бузургтарин созмони башардӯстона дар ҷаҳон аст. Ҳадафи асосии миссия аз беҳтар кардани сифати ғизо дар давлатҳои ҷаҳон иборат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 оғоз гардида, то нимаи соли 2024 давом хоҳад кард.
Барномаи ғизои мактабии Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми муҳимтарини стратегияи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва рушди маориф мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






