Дар Душанбе дурнамои ҳамкории муштарак доир ба масъалаҳои озодии дин ва эътиқод баррасӣ гардид

Апрель 13, 2023 08:49

ДУШАНБЕ, 13.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти директори Марказ Хайридин Усмонзода бо гузоришгари махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба озодии дин ва эътиқод хонум Назила Ғанӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкории муштарак вобаста ба масъалаҳои озодии дин ва эътиқод дар минтақа ва ҷаҳон ибрози назар намуданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази номбурда хабар доданд.         

Вобаста ба озодии эътиқод дар ҷумҳурӣ изҳор карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори конститутсионии давлатро муайян карда, ба ҳайси сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон баромад менамояд. Меъёрҳои он барои ҳамаи соҳаҳои мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи дин заминаи асосии ҳуқуқӣ ба шумор мераванд.

Таъкид гардид, ки озодона муайян намудани муносибати инсон нисбат ба дин бевосита аз моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки Тоҷикистонро давлати дунявӣ эълон намудааст. Моҳияти дунявии давлат- ин маънои таъмини ҳамзистии осоштаи динҳо ва давлатро дар назар дорад.

Гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ баробарии ҳамаи дину мазҳабҳо эътироф шуда, барои фаъолияти осоиштаи дин, ибодат, расму оин ва маросим ягон маҳдудият вуҷуд надорад.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2023 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид