Дар Душанбе густариши ҳамкорӣ дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид

Апрель 10, 2023 08:51

ДУШАНБЕ, 10.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бюрои ёриҳои башарии USAID таҳти сарварии роҳбари минтақавии Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии он мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои алоқаманд ба коҳиши хатари офатҳо  ва таъсири офатҳои табиӣ ба бачаҳо, омодагии сокинони минтақаҳои осебпазир ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ, ҳамчунин масоили вобаста ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мавриди суҳбат қарор гирифт.

Роҳбарияти Кумита аз густариши ҳамкорӣ байни ду сохтор дар самти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода изҳори назар кард.

Зимни мулоқот меҳмонон бо фаъолияти Кумита доир ба ҳимояи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода шинос шуда, дар бораи тарҳи ҳамкории оянда суҳбат намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо таҳкими ҳамкорӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо ва расонидани кумак ба аҳолии зарардида аз офатҳои табииро таъкид намуданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 10, 2023 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд