Дар Душанбе консерти муштараки композиторон ва бастакорони Тоҷикистон ва Узбекистон доир мешавад

Апрель 17, 2023 18:05

ДУШАНБЕ, 17.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки моҳи май дар шаҳри Душанбе консерти муштараки композиторон ва бастакорони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардад. Масъалаи мазкур дар мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси Иттифоқи композиторон ва бастакорони Узбекистон Рустам Абдуллоев, ки имрӯз дар Тошканд доир гардид, баррасӣ шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки  дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориро дар соҳаи санъати мусиқӣ ва ташкили курсҳои касбӣ барои композиторони ҷавон баррасӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки соли  гузашта бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар Ҷумҳурии Узбекистон консерти муштараки ду ниҳод ба муносибати 30-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Дар ҳошияи он Ёддошти тафоҳум байни Иттифоқи композиторон ва бастакорони Узбекистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба имзо расид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Узбекистон

Апрель 17, 2023 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд