Дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда доир гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, масъулини сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, тандурустӣ, маориф, роҳбарони комиссариатҳои ҳарбии шаҳр ва ноҳияҳои он, ихтиёриёни ҷавон, ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ва волидайни онҳо иштирок доштанд.
Дар маросим ба даъватшудагон, ки курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтаанд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардида, сипас машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ аз ҷониби афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд ва чун анъана маросими «Нонгазон» доир карда шуд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи асосии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди бедордил, ҷавонони бонангу номус тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва марзу буми худ аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос кунад. Зеро бархӯрди манфиатҳои мамлакатҳои абарқудрат ва марҳилаи нави муборизаҳое, ки байни кишварҳо вуҷуд дорад, нишон медиҳад, ки ҳатто давлатҳои садсолаҳо мавҷуда дар пайи аз байн рафтан ҳастанд. Миллатҳо дар вазъияти хеле мураккаби ноором мебошанд. Аз ин рӯ имрӯз вақти он расидааст, ки пайи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон аз ҳарвақта дида, бештар талош варзем.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ афзуда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 апрел дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 31 май идома меёбад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ даъват мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»














ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд






