Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид

Апрель 19, 2023 09:18

ДУШАНБЕ, 19.04.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Корея ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.

Роҳбарияти Кумита маълумот дод, ки дар партави дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Тоҷикистон тамоми имкониятро дар самти рушди сайёҳӣ бо фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ, содагардонии дастрасии раводид, роҳандозии низоми бераводид, додани имтиёз ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, паст намудани мизони андозбандӣ дар соҳаҳои бо сайёҳӣ омехта, тавсеаи ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ дорад, то дилхоҳ меҳмону сайёҳи ба диёрамон омада бо таассуроти хотирмон саёҳат намояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷониби Корея пешниҳод намуд, ки барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва шиносоии бештар бо таъриху фарҳанг, табиат, инфрасохтори сайёҳӣ ва  намудҳои сайёҳӣ бояд гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба муддати як сол ин самтҳои асосӣ мавриди омӯзиш қарор гиранд.

Ҳамзамон вобаста ба ин муайян карда шавад, ки ба кадом самтҳои асосӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Ҳайати гурӯҳи корӣ бояд аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори самти сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии тарафҳо таъсис дода шавад.

Ҳамчунин масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Корея оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии мамлакат дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони ин соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи сайёҳони байни ду давлат баррасӣ гардид.

Ҳамчунин тарафҳо ҳавасмандии худро барои ҳамкории судманд, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ дар рушди сайёҳӣ иброз доштанд.

 АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2023 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд