Дар хоҷагии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор бори аввал кишти пунбадона бо усули замонавӣ гузаронида мешавад

Апрель 12, 2023 20:28

ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар хоҷагии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор бо мусоидати Вазорати кишоварзии Тоҷикистон кишти пунбадона бо усули замонавӣ гузаронида мешавад, ки бартарияти зиёд дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Тухмӣ тавассути техникаи ҳозиразамони тухмипошии туркӣ, ки кишти дақиқ номгузорӣ шудааст, кишт карда шуда, дар як вақт амалиёти озуқадиҳии майдони пахтазор низ амалӣ мегардад. Бо мақсади дар оянда тавассути комбайнҳои пахтачинӣ ҷамъоварӣ намудани ҳосил масофаи байни қаторҳо аз 60 сантиметри маъмулӣ то 75 сантиметр васеъ карда мешавад. Як тухмипошак имконияти дар як рӯз кишт намудани 8-10 гектарро доро буда, истифодаи самаранок аз ин усули кишт имконият медиҳад, ки муҳлати кишт дар хоҷагиҳо ба дарозо накашида, дар давраи муайян ба анҷом расонида шавад.

Агар бо усули маъмулӣ барои кишти як гектар пунбадона 100-120 килограмм тухмӣ масраф мешуд, ҳоло бо тарзи нави кишти дақиқ дар як гектар ҳамагӣ 25-30 килограмм тухми лучак кифоя мебошад.

Иқдоми мазкур дар пайравӣ ба хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Данғара, ки аз ин усул  истифода менамоянд, ба роҳ монда шудааст. Дар доираи ҳамкорӣ бо онҳо ҷамъоварии ҳосил тавассути комбайнҳои пахтачинии муосир дар назар дошта шудааст.

Хоҷагиҳои пахтакори Ҳисор тасмим гирифтаанд, ки  тибқи дурнамо, имсол дар майдони 1200 гектар пунбадона кишт кунанд, ки 250 гектари он ба хоҷагии ба номи Латиф Муродов тааллуқ  дорад. Деҳқонони хоҷагӣ дар рӯёнидани пахта таҷрибаи ғанӣ доранд ва аз ҷиҳати масоҳати майдони пахта, ҳаҷми истеҳсол ва ҳосилнокӣ аз рӯи бисёр нишондиҳандаҳо дар шаҳр пешсаф мебошанд.

Раиси шаҳри Ҳисор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод дар маъракаи кишти пахтаи деҳқонон иштирок намуда, ҳангоми суҳбат бо пирони кор ва деҳқонон иброз дошт, ки ҳар лаҳзаи мусоиди обу ҳаворо ғанимат дониста, кишти пахтаро дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз ба анҷом расонанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 12, 2023 20:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд