Дар хоҷагии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор бори аввал кишти пунбадона бо усули замонавӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 12.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар хоҷагии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор бо мусоидати Вазорати кишоварзии Тоҷикистон кишти пунбадона бо усули замонавӣ гузаронида мешавад, ки бартарияти зиёд дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Тухмӣ тавассути техникаи ҳозиразамони тухмипошии туркӣ, ки кишти дақиқ номгузорӣ шудааст, кишт карда шуда, дар як вақт амалиёти озуқадиҳии майдони пахтазор низ амалӣ мегардад. Бо мақсади дар оянда тавассути комбайнҳои пахтачинӣ ҷамъоварӣ намудани ҳосил масофаи байни қаторҳо аз 60 сантиметри маъмулӣ то 75 сантиметр васеъ карда мешавад. Як тухмипошак имконияти дар як рӯз кишт намудани 8-10 гектарро доро буда, истифодаи самаранок аз ин усули кишт имконият медиҳад, ки муҳлати кишт дар хоҷагиҳо ба дарозо накашида, дар давраи муайян ба анҷом расонида шавад.
Агар бо усули маъмулӣ барои кишти як гектар пунбадона 100-120 килограмм тухмӣ масраф мешуд, ҳоло бо тарзи нави кишти дақиқ дар як гектар ҳамагӣ 25-30 килограмм тухми лучак кифоя мебошад.
Иқдоми мазкур дар пайравӣ ба хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Данғара, ки аз ин усул истифода менамоянд, ба роҳ монда шудааст. Дар доираи ҳамкорӣ бо онҳо ҷамъоварии ҳосил тавассути комбайнҳои пахтачинии муосир дар назар дошта шудааст.
Хоҷагиҳои пахтакори Ҳисор тасмим гирифтаанд, ки тибқи дурнамо, имсол дар майдони 1200 гектар пунбадона кишт кунанд, ки 250 гектари он ба хоҷагии ба номи Латиф Муродов тааллуқ дорад. Деҳқонони хоҷагӣ дар рӯёнидани пахта таҷрибаи ғанӣ доранд ва аз ҷиҳати масоҳати майдони пахта, ҳаҷми истеҳсол ва ҳосилнокӣ аз рӯи бисёр нишондиҳандаҳо дар шаҳр пешсаф мебошанд.
Раиси шаҳри Ҳисор дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод дар маъракаи кишти пахтаи деҳқонон иштирок намуда, ҳангоми суҳбат бо пирони кор ва деҳқонон иброз дошт, ки ҳар лаҳзаи мусоиди обу ҳаворо ғанимат дониста, кишти пахтаро дар муҳлати на дертар аз 10 рӯз ба анҷом расонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






