Дар Калифорния ҳангоми тирпаронӣ на кам аз шаш нафар ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 04.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои истироҳатии гузашта дар ҷануби Калифорния як силсила ҳодисаҳо бо тирпаронӣ рух дод, ки дар натиҷаи он қариб шаш нафар ба ҳалокат расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус расонаҳои амрикоӣ 3 апрел хабар додаанд.
Кормандони полис ба таҳқиқи ҳамаи ҳодисаҳо машғуланд, хабар медиҳад шабакаи KABS-TV/
Тибқи иттилоъ, субҳи шанбе дар Ван-Найс як нафар ҳалок шуда, як нафари дигар дар манзили истиқоматиаш захмӣ шудааст. Худи ҳамин рӯз дар Артезия боз як нафари бар асари тирпаронӣ ҳалокшуда маълум гардид.
Бар асари боз як тирпаронӣ дар таваққуфгоҳи маркази савдои Уест — Ҳиллз як нафар ҳалок ва чаҳор нафари дигар ҷароҳат бардоштааст, хабар додааст KABC-TV.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






