Дар Лондон муколамаи сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 марти соли 2023 дар Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳида Муколамаи сиёсӣ баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин нишаст Муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва ҳайати Подшоҳии Муттаҳидаро Вазири давлатӣ дар умури Аврупо ва Амрикои Шимолӣ Лео Дочертӣ роҳбарӣ намуданд.
Аснои Муколама ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Подшоҳии Муттаҳидаро дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, сармоягузориву тиҷорат, маорифу фарҳанг, обу иқлим, мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, мавриди муҳоқима қарор доданд.


Равобити байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, вазъ дар Афғонистон, зарурати таҳкими сарҳадҳо ва дастгирии фаннии лоиҳаву барномаҳои Тоҷикистон дар соҳаи нерӯи “сабз” ва аҳаммияти роҳандозии сафарҳои мақомдорони аршади ду кишвар аз ҷумлаи мавзӯъҳое дигаре буданд, ки зимни Муколамаи мавриди назар баррасӣ шуд.
Дар поёни Муколамаи сиёсӣ роҳбарони ҳайатҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро имзо намуда, ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ба мақсади тақвияти робитаҳо дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ба мувофиқа расиданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






