Дар минтақаҳои доманакӯҳи Тоҷикистон сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад

Апрель 6, 2023 08:10

ДУШАНБЕ, 06.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6-7 апрел бо сабаби ба амал омадани бориш дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят шабона ва саҳаргоҳон бориши борон ва барф ба амал меояд.   Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо  борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, шабона ва саҳаргоҳон борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм ва  рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шабона ва саҳаргоҳон борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 ва рӯзона  22+24 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 6, 2023 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст