Дар Тоҷикистон машваратҳои байниидоравӣ вобаста ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24-25 апрел таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон машварати навбатии намояндагони мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бо мақсади баррасии масъалаи дар шаҳри Душанбе таъсис додани Ниҳоди алоҳидаи доимамалкунандаи зиддимухаддиротии Созмони мазкур доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар машваратҳо коршиносони аршади мақомоти дахлдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай– Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин роҳбарияти Котиботи Созмон иштирок доштанд. Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Беларус ба сифати давлатҳои нозир дар созмон, ҳамчунин дар кори ҷаласа иштирок карданд.
Ҷаласаи мазкур идомаи тадбирҳо дар раванди татбиқи Қарори Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар бораи такмили механизмҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти кишварҳои Созмон, ки сентябри соли 2021 дар Душанбе дар натиҷаи саммити ҷашнии 20-солагии СҲШ қабул шуда буд, ба ҳисоб меравад.
Иштирокдорони машваратҳо раванди татбиқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанберо ба таври амиқ баррасӣ карданд.
Ба таваҷҷуҳи ҳайатҳо дар бораи рӯйкардҳои ҷониби Тоҷикистон роҷеъ ба равишҳои имконпазир ҷиҳати таъсис намудани Маркази зиддимухаддиротӣ, вазифаҳои асосӣ ва сохтори он, рӯнамои иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои Созмони ҳамкории Шанхай Аҳмад Саидмуродзода пешниҳод гардид.
Иштирокдорони машваратҳо ҳамчунин аз минтақаҳои наздисарҳадии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Афғонистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварда, дар бораи тадбирҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон дар самти мубориза бо таҳдиди маводи мухаддир андешидашуда маълумоти муфассал гирифтанд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






