Дар вилояти Хатлон моҳипарварӣ рушд меёбад

Апрель 23, 2023 09:13

ДУШАНБЕ, 23.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 3 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 726,0 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 252,9 тонна зиёд аст. Дар хоҷагиҳои моҳипарвар беш аз 1660,7 ҳазор дона моҳӣ парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 363,3 ҳазор дона зиёд мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Феълан дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёда аз 276 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият менамоянд, ки масоҳати ҳавзҳо дар маҷмӯъ беш аз 2703 гектарро дар бар мегирад. Соли 2022 дар ҳудуди вилоят 16 адад хоҷагиҳои моҳипарварии нав ташкил ёфтааст.

Моҳипарварони вилоят мақсад доранд, ки аз ҳар гектар ҳавз ба миқдори 2 тонна моҳӣ истеҳсол намуда, бо ин роҳ дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ дар оянда содироти онро ба хориҷи мамлакат ба роҳ монанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар соҳаи моҳипарварӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият бозтавлиди моҳичаҳо ба ҳисоб меравад. Дар айни замон дар кӯлу ҳавзҳои моҳипарварии вилояти Хатлон 3 миллиону 587 ҳазор кирминамоҳиҳои гуногун, аз қабили зағорамоҳӣ, амури сафед, пешонапаҳми сафед, карп ва карпи ялаққосӣ парвариш ёфта истодаанд, ки нашъунамои онҳо хуб мебошад.

Ҳамчунин ҷиҳати таъмини моҳичаҳо ба дигар хоҷагиҳои моҳипарвар бо ибтикори Корпоратсияи «Моҳии тоҷик» дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди корхонаи истеҳсоли моҳичаҳо бомаром идома дошта, дар ин корхона дастгоҳу таҷҳизоти муосир насб шуда, бозтавлиди моҳичаҳо роҳандозӣ мегардад. Иқтидори истеҳсолии ин корхона 10 миллион моҳича дар як сол буда, баъди якмоҳагӣ тибқи талабот онҳо ба дигар хоҷагиҳои моҳипарвар фиристода мешаванд.

Дар вилояти Хатлон бо мақсади барқарор кардани экосистемаҳои дарёҳо ҳамасола таҷрибаи ба обанборҳо сар додани моҳичаҳо амалӣ карда мешавад. Шурӯъ аз соли 2017 то инҷониб ба обанборҳои Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ба миқдори 2 миллиону 125 ҳазор кирминамоҳӣ сар дода шудаанд, ки ин иқдом ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ҳамасола ба роҳ монда мешавад.

Бояд гуфт, ки қабули «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ» барои панҷ соли минбаъда ба хоҷагидорону соҳибкороне, ки майл ба соҳаи моҳипарварӣ доранд, имконияти хубе фароҳам овард. Онҳо аз имтиёзҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи мазкур ва дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавасманд шуда, ҷиҳати васеъ намудани майдони хоҷагиҳои моҳипарварӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Ёдовар мешавем, ки 1 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳргони Деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон аз Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон-2012” боздид ба амал оварданд.


Хоҷагии мазкур дар 5 гектар ҳавзи моҳипарварӣ ташкил намуда, дар он навъҳои гуногуни моҳӣ нигоҳубин карда мешавад. Дар айни замон барои рушди соҳа, зиёд намудани навъҳои моҳӣ ва ба ин васила бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли он дар хоҷагӣ 4 ҳавзи махсус амал мекунад.

Президенти мамлакат зимни боздид аз ҷараёни парвариши моҳӣ дар Хоҷагии деҳқонии моҳипарварии “Наимҷон-2012” 6 ҳазор моҳичаи гуногунро ба об сар доданд.

Дар хоҷагии номбурда асосан 4 намуд ва дар умум 16 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад.

Хотиррасон мешавем, ки дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон 9 хоҷагии моҳипарварӣ амал мекунанд, ки дар 9 моҳи соли равон 72 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст ва ин назар ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд аст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 23, 2023 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ашт беш аз 14 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда мешавад
Дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 34-солагии Истиқлоли давлатиро бо тантана таҷлил намуданд
Бахшида ба Истиқлоли давлатӣ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо рутбаҳои навбатӣ қадрдонӣ шуданд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон даромадҳои пулии аҳолӣ аз 1 миллиард то 147 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми нуҳуми зерминтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор иштирок намуд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи авиатсия баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории оморӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи 107-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқдисодӣ баргузор мешавад
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи рушди иқтисоди «сабз» ва камкарбон густариш медиҳанд
Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 107-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон бо Барномаи рушди СММ баррасӣ гардид