Дар Душанбе оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2025 ҷаласа доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода ва бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд, дар ҷаласа раванди иҷрои се ҳуҷҷати банақшагирии стратегии зерин, аз ҷумла «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2028»; «Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» ва «Барномаи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ» (стандарти байналмилалии Глобал GAP баррасӣ гардид.
Оид ба ҷараёни татбиқи ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳо барои сари вақт иҷро намудани бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои ҳуҷҷатҳо, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, сифати иҷрои корҳо, мониторингу арзёбии доимии онҳо ва дигар самтҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






