ДАРАХТ БИНШОН. Дар ноҳияи Ванҷ имсол 45 ҳазор бех ниҳол мешинонанд

Апрель 16, 2023 15:16

ДУШАНБЕ, 16.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имсол шинонидани 45 ҳазор бех ниҳол дар назар аст, ки аз ин теъдод зиёда аз 25 ҳазор ниҳоли боровар мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Ба ғайр аз ин, дар ҳамаи ҷамотҳои деҳот барои шинонидани ниҳол мавзеъҳои махсус ҷудо карда шуда, ин мавзеъҳо ба таври ҳашар бо кумаки кормандони идораву муассисаҳои маҳаллӣ аз партов ва санглох тоза карда мешаванд. Қад-қади роҳҳо- аз маркази ноҳия сар карда, то дурдасттарин Ҷамоати деҳоти Рованд ниҳолҳои сояафкан шинонида мешаванд.

Дар мавзеъҳои дамгирии назди чашмасорон низ барои мусофирон истироҳатгоҳ ва боғчаҳо бунёд мегардад. Инчунин дар нуқтаи тадқиқотии боғи ботаникии ноҳия зиёда аз 6000 бех гул парвариш ёфта истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки барои иваз намудани арчаҳои якранги маркази ноҳия аз шаҳри Душанбе 200 намуд арчаи ороишӣ ва 2000 намуд гули мавсимӣ оварда шудааст.

Бо ин мақсад ҳар рӯзи шанбе дар тамоми ноҳия ҳашарҳои дастҷамъона баргузор мегарданд. Ҳоло дар кӯчаву роҳравҳо зиёда аз 2000 бех гул ва 1500 бех арчаи ороишӣ шинонида шудааст.

АКС: «Рӯзномаи Бадахшон»

Апрель 16, 2023 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд