ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Дар Мастчоҳ 80 даъватшаванда баъди гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардид

Апрель 3, 2023 09:46

ДУШАНБЕ, 03.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел 80 даъватшавандае, ки дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ курси ронандагиро тайи ду моҳи охир омӯхтанд, бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ дар қатори дигар ҷавонписарони ноҳия ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, як гурӯҳ ҷавонон, ки ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати Ватан-Модар гусел карда шуд.

Ба ин муносибат дар майдони Парчами давлатии маркази ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва волидони даъватшудагон маъракаи  идона  баргузор шуд.

Иброз гардид, ки барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби ҷавонмардӣ ва матонату обутоби ҳаёт буда, маҳз дар ҳамин айём ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагиро аз бар намуда, муқаддас будани рисолати олии ватандорӣ — муҳофизати марзу буми Ватанро дарк мекунанд.


Дар идома комиссари ҳарбии ноҳия изҳори боварӣ намуд, ки ҷавонписарони далеру шуҷои Ватан баҳри ободии мамлакат, таъмини оромиву субот ва пешрафти Тоҷикистон  ҷаҳду талош варзида, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ба таври шоиста иҷро менамоянд.

Даъватшаванда Алимардон Холиқзода, ки пас аз хатми яке аз донишгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон баргашта, бо ҳидояти модар ва амри дилу виҷдон барои адои хизмати ҳарбӣ изҳори омодагӣ дидааст, гуфт, ки «хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо қарзи фарзандӣ, балки шараф ва ифтихори бузург аст».

АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Апрель 3, 2023 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид