ХАДАМОТИ ИҶРО-ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ. Бо таъсиси ин ниҳод сифати иҷрои санадҳои судӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, фоизи иҷро баланд гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қадамҳои устувор гузошт ва ҷиҳати таҳкими пояҳои давлатдории навин тадбирҳои мушаххасу зарурӣ татбиқи худро ёфтанд. То расидан ба ин рӯзҳои мубораку фархунда мо марҳилаи бисёр душвору пур аз шебу фарозро паси сар намудем. Чунин иброз доштааст сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар мақолаи худ, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.
Дар зер андешаҳои пурраи муаллифро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
— Мусаллам аст, ки ибтидои давлатдорӣ аз мушкилот орӣ нест ва он ҳамаро танҳо бо доштани Роҳбари бохираду дурандешу ояндабин метавон рафъ намуд. Мояи хушбахтию шукргузорист, ки дар марҳилаи навини давлатдории тоҷикон фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ тавонистанд давлати тозаистиқлоли моро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба мардуми азиятдидаамон сулҳу субот ва оромиву осудагӣ армуғон биёранд.
Пайдории ҳама гуна давлат ба арҷгузорӣ, эҳтиром ва волоияти қонун иртиботи ногусастанӣ дорад. Дар мамлакати мо бо таҷзияи ҳокимият ба қонунгузор, иҷроия ва суд тавассути рушди институтҳои давлатдорӣ низоми идоракунӣ ва пешрафти босуботи ҷомеа таъмин гардид. Дар ин замина боварии мардум ба ҳокимияти судӣ ва мақомоти иҷро зиёд гардида, раванди ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ба таври назаррас тавсеа ёфт.
Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ ва самараноки санадҳои судӣ, инчунин васеъ кардани кафолатҳои ҳуқуқҳои шахсони иштирокчии истеҳсолоти иҷро аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми даҳ сол ислоҳоти истеҳсолоти иҷро гузаронида шуд. Дар ин давра якчанд санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи истеҳсолоти иҷро таҳия ва қабул гардид, ки фаъолияти иҷрочиёнро ба танзим даровард.
Минбаъд бо рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба вуҷуд омадани муаммоҳое, ки ба иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот бетаъсир набуд, зарурати боз ҳам такмил додани соҳаи мавриди назар ба миён омад.
Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки бо назардошти таҷрибаи пешқадами механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати таъмини фаъолияти собиқ иҷрочиёни суд баҳри таъсиси ниҳоди алоҳида ба ҳукумати мамлакат санади дахлдор таҳия ва пешниҳод карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2018 Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Шуруъ аз 1 июли соли 2018 истеҳсолоти иҷро аз тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Ин ниҳоди тозатаъсис соли панҷум аст, ки бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати начандон тӯлонӣ ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ ноил гардид. Аз ҷумла, сифати иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, фоизи иҷро дар муқоиса ба солҳои пешин баланд гардид.
Аз рӯзҳои аввали таъсиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва кормандони он диққати асосиро ба беҳтар намудани ҳолати иҷрои воқеии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, барқарор намудани зарари ба манфиати давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ расонида, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташвиқу тарғиби қонунгузорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон равона намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки сифати иҷро, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлат, ташкилоту муассисаҳо сол то сол беҳтар гардида, аз давраи таъсиси Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то кунун ҳамасола бештар аз пештар рушду густариш меёбад.
Аз лаҳзаи таъсиси мақомот, яъне аз моҳи апрели соли 2018 то семоҳаи аввали соли 2023 ба истеҳсолоти иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 244 726 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ ворид гардида, бо татбиқ намудани чораҳои иҷрои маҷбурӣ, иҷрои воқеии 196 871 (ё 80,4%) ҳуҷҷати иҷро ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ таъмин гардида, маблағи зиёда аз 720 млн сомонӣ, 8,7 млн доллари ИМА, 55,1 млн рубли Федератсияи Русия, 2,6 млн суми Ҷумҳурии Узбекистон, 49,9 ҳазор соми Ҷумҳурии Қирғизистон, 9 ҳазор евро, 13 518 рубли Ҷумҳурии Беларус, 13,4 млн риёли Арабистони Саудӣ ва 200 ҳазор фунт стерлинги Британияи Кабир ситонида шудааст.
Аз маблағҳои рӯёнида 179,0 млн сомонӣ, 33,2 млн рубли Федератсияи Русия, 1,3 млн доллари ИМА, 13,4 млн риёли Арабистони Саудӣ, 200 ҳазор фунт стерлинги Британияи Кабир ва 306,1 ҳазор суми Ҷумҳурии Узбекистон ба манфиати давлат ситонида шудааст.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаришуда дар таҳия ва омодасозии санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа низ корҳои назаррас анҷом додааст. Дар ҳошияи иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 тасдиқ гардидааст, кормандони мақомот дар ҳайати гурӯҳи корӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» — ро дар таҳрири нав таҳия намуданд, ки аз 13 июни соли 2022 мавриди амал қарор гирифт. Ғайр аз ин, аз ҷониби кормандони Хадамот 27 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра таҳия гардид, ки дар айни ҳол мавриди амал қарор доранд.
Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва ба махзани низоми ягонаи идоракунии сарҳад ва раводид ҷиҳати пешгирӣ аз хуруҷи қарздорон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 9 343 нафар қарздор маҳдудият ҷорӣ гардида, кор дар ин самт ҷоннок карда шудааст. Зимнан, гуфтан ба маврид аст, ки соли 2022 дар натиҷаи дидани тадбирҳои мушаххас дар ин самт 1 192 (2021 – 45) нафар қарздор натавонист сарҳадҳои мамлакатро убур бикунад ва ба ин восита маблағҳои қарзӣ ба андозаи зиёда аз 9 400 000 сомонӣ пардохт карда шуд. Бо ин васила иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомоти давлатӣ таъмин гардида, ба манфиати давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маблағ ситонида мешавад.
Тибқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон», бо мақсади ба низом даровардани ин падидаи номатлуб ва пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори он дар айни замон ба ин феҳрист 7 151 шахси воқеӣ ва 203 шахси ҳуқуқӣ ворид карда шудааст.
Иҷрочиёни мақомоти иҷро бобати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ҷиҳати ситонидани маблағҳои алимент аз ҳисоби волидайн мунтазам амалҳои иҷрои таъхирнопазир гузаронида, баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ корҳои назаррас анҷом медиҳанд. Дар истеҳсолоти иҷрочиён дар маҷмуъ 87 627 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситонидани маблағи алимент мавриди иҷрои давравӣ қарор дошта, ҷиҳати иҷрои онҳо дар соли 2022 дар ҳаҷми 39 989 035 сомонӣ (2021 – 21 507 842) маблағ ситонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 18 481 193 сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи семоҳаи аввали соли 2023 бо дидани тадбирҳои зарурии савривақтӣ ва роҳандозии амалҳои иҷро барои таъминоти фарзандони ноболиғ ба манфиати ситонандагон дар маҷмуъ 13 351 774 сомонӣ ситонида шудааст.
Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз заминаи қавии ҳуқуқӣ дошта, коргузории худро бо корбурд аз технологияи навину усули ба талаботи рӯз ҷавобгӯ ба роҳ монда, аз иқтидории зеҳнии кофӣ бархурдор аст. Он минбаъд низ қодир аст, ки рисолати бардӯшдоштаи худро дар сатҳи баланд анҷом дода, дар раванди иҷрои саривақтии қарорҳои судӣ ва таҳкими волоияти қонун саҳми назаррас гузорад.
АКС: АМИТ «Ховар»