ИЛМ. Мутахассиси соҳаи физика иброз намуд, ки ба афзоиши фаъолияти Офтоб чӣ таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 23.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои 2023-2024 фаъолияти Офтоб ба авҷи навбатӣ мерасад, баён намуд сарходими илмии Институти татқиқоти кайҳонии Академияи илмҳои Русия (АИР) Сергей Богачев. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.
Фаъолияти Офтоб дар вазни муайян баланд ва паст мешавад, давраи пурраи баландшавӣ ва пастшавии он ёздаҳ сол давом мекунад. Ин тағйирот пайваста рух медиҳад ва пешгӯии он осон аст, иброз дошт доктори илмҳои физика ва математика, сарходими илмии Институти татқиқоти кайҳонии АИР Сергей Богачев. Аз ҷумла, фаъолияти Офтоб охири соли 2023 – аввали соли 2024 ба ҳадди баландтарин мерасад, шарҳ дод ӯ.
Дар давраҳои фаъолияти баланди Офтоб шиддатнокии шуоъафкании ултрабунафш меафзояд ва одамони дорои пӯсти ҳассос бояд дар бораи чораҳои иловагии муҳофизат андеша кунанд, идома дод физик.
Ғайр аз ин, афзоиши тӯфонҳои магнитӣ ва дурахши баланди Офтоб метавонад ба ҳолати одамоне, ки ба чунин падидаҳо вокуниш нишон медиҳанд, таъсири манфӣ расонад, мегӯяд ӯ.
Афзоиши марҳилавии фаъолияти Офтоб муқаррарӣ аст, на хилофи қоида, таъкид кард физик.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: РИА «Новости»








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






