Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 апрел Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки 4 апрел дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор гардид.
Дар Форум имконияти сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, савдо, энергетика, сайёҳӣ, бахши хусусӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон муаррифӣ карда шуд.
Дар доираи Форум ба доираҳои соҳибкорию сармоягузории Озарбойҷон фазо ва имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо тавассути монитор рӯнамоӣ ва муаррифӣ карда шуд.
Ҳамчунин санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат ба имзо расонида шуд. Инчунин мулоқоти доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар сиғаи B2В –соҳибкор бо соҳибкор баргузор гардид.
АКС аз манбаъҳои боз








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






