Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон
ДУШАНБЕ, 05.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел дар Қасри миллат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти мулоқоту музокироти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ оид ба тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду давлатро баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.
Ҷиҳати таъмиқу тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, ки бар пояи мустаҳками дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар асос ёфтаанд, самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ муайян карда шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро самимона хайрамақдам гуфта, ҷараёни тамосҳои мунтазами сиёсиро, ки дар ташаккул ва пешбурди пурсамари рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон нақши калидӣ доранд, бо қаноатмандӣ таъкид намуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Сарвари давлати дӯст ба Тоҷикистон ба рушди тамоми маҷмӯи ҳамкории ду мамлакат такони тоза хоҳад бахшид.
Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин тазаккур доданд, ки тайи сӣ соли равобити дипломатӣ Тоҷикистону Озарбойҷон тавонистанд механизмҳои муассири ҳамкориро бунёд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд, ки имрӯз ба нафъи ду халқи бародар хизмат мекунанд.
Зимни мулоқот бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни рушди устувори ҳамкории ду давлати бародарро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу, иқтисодӣ, фарҳангиву, гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амният таъкид намуданд.
Густариши ҳамкории байнипарлумонӣ, ки дар натиҷаи сафарҳои мутақобилаи сарони парлумонҳои ду давлат мазмуни тоза касб кардааст, ҳамчун ҷузъи таркибии маҷмӯи робитаҳои гуногунҷанба арзёбӣ гардид.
Масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба таври муфассал баррасӣ шуда, дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин самти муносибатҳо тавофуқ ҳосил шуд.
Дар ин зимн ҷонибҳо ба самтҳои ҳамкорӣ, аз қабили сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва маҷмуи сӯзишворию энергетикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки дар соҳаи кооператсияи саноатӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, кимиё ва маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди алюминий, нахи пахта, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳо имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.
Дар бахши энергетика, Пешвои миллат ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро оид ба иштироки ширкатҳои озарбойҷонӣ дар коркарди конҳои нафту гази Тоҷикистон таъйид намуданд.
Дар соҳаи нақлиёту транзит оид ба истифодаи фаъолтар аз имконоти транзитии Озарбойҷон ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли борҳои сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.
Дар доираи гуфтушунид самти гуманитарии муносибатҳои ду давлат ҷойгоҳи хосса доштанд.
Зимни мулоқот масъалаҳои амниятӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор доштанд.
Сарони ду давлат аз таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Ҷонибҳо доир ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври муфассал мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, ҳамкории зичи ҷонибҳо дар арсаи байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, ки Тоҷикистон ва Озарбойҷон аъзо ва иштирокчиёни онҳо мебошанд, таъкид гардид.
Дар охири музокироти сатҳи олӣ Президенти мамлакат ба ҷониби Озарбойҷон ҷиҳати пуштибонӣ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим изҳори сипос карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд






