Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Форуми XIII иқтисодии ҷавонони АвруОсиё иштирок намуданд

Апрель 28, 2023 09:16

ДУШАНБЕ, 28.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Форуми XIII иқтисодии ҷавонони АвруОсиё — «Ҷаҳони бисёрқутба дар меҳвари воқеияти нав», ки 24 апрел дар  шаҳри Екатеринбурги Русия  оғоз ёфт, иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар форум намояндагони 79 минтақаи Федератсияи Русия, 108 давлати ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони Фаронса, Олмон, Маҷористон, Чехия, Беларус, Чин, Корея, Ветнам, Ҳиндустон, инчунин 8000 донишҷӯ ва олими ҷавон иштирок  кард.

Ҳамзамон дар доираи форум баргузории чорабиниҳо дар 7 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Намояндагони донишгоҳ дар бахшҳои алоҳидаи форуми мазкур иштирок ва маъруза намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин сафар вохӯрии намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории  Тоҷикистон бо роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, аз ҷумла Русия ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ идома дорад.

Форуми XIII иқтисодии ҷавонони АвруОсиё-«Ҷаҳони бисёрқутба дар меҳвари воқеияти нав» 28 апрел анҷом меёбад.

 

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Апрель 28, 2023 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд