Одам чӣ қадар метавонад бе хоб зиндагӣ кунад?
ДУШАНБЕ, 04.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тадқиқот нишон медиҳанд, ки одамон метавонанд ба муддати дароз хоб накунанд, аммо ин ба саломатӣ бо оқибатҳои назарраси манфӣ таҳдид мекунад. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус АЗЕРТАҶ бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар додааст.
Китоби рекордҳои Гиннес аз соли 1997 инҷониб рекордҳои марбут ба бедории дарозмуддатро қабул намекунад, зеро норасоии дарозмуддати хоб ба бадани инсон таҳдиди ҷиддӣ дорад. Аммо, ду ҳолат маълум аст, ки одамон тавонистаанд тақрибан 2 ҳафта ё беш аз он бедор монанд, менависад LiveScience.
Як тасдиқи расмии тӯлонитарин ҳолати бе хоб будани одам вуҷуд дорад, ки ин рекорд соли 1963 гузошта шуда буд. Он вақт сокини 17-солаи Калифорния Рэнди Гарднер давоми 11 рӯзу 25 дақиқа хоб накардааст. Боз як ҳодисаи дигаре ҳаст, ки расман тасдиқ нашудааст, зеро дар айни замон касе бедории марди бо номи Роберт Макдоналдро назорат накардааст. Мувофиқи маълумоти соли 1986 паҳншуда, ӯ 18 рӯзу қариб 22 соат хоб накардааст.
Дар айни замон олимон чунин меҳисобанд, ки ба қадри тӯлонӣ хоб нарафтан ба саломатии инсон зарари калон мерасонад. Набудани хоб метавонад хавфи гирифторӣ ба бемориҳо, аз қабили диабет, бемориҳои дилу раг, фарбеҳӣ ва асабониятро зиёд кунад. Олимон чунин меҳисобанд, ки ҳар шахс бояд дар як шабонарӯз аз 6 то 8 соат пайваста хоб кунад.
Мувофиқи гуфтаи Орен Коэн аз маркази тиббии Mount Sinai (шаҳри Ню-Йорки ИМА), баъзе одамон гоҳҳо метавонанд 24 соат пай дар пай бе хоб гарданд. Аммо чунин вайроншавии назми муқаррарӣ боиси он мегардад, ки шахс баъзан хобро аз воқеият фарқ намекунад. Яъне, майна хоб талаб мекунад ва аз ин рӯ шахс дар фосилаи нозуки байни хоб ва бедорӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи Элон Эвиден аз донишгоҳи Калифорнияи Лос Анҷелес, ҳафтаҳо хоб накардан ин қариб ғайриимкон аст. Ҳатто пас аз 24 соати бедор будан майнаи сар баданро ҳатман маҷбур мекунад, ки хоб равад.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






