Пагоҳ дар Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад

Апрель 7, 2023 11:46

ДУШАНБЕ, 07.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 8-9 апрел дар шаҳри Душанбе маҷмуи чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, пагоҳ, 8 апрел, соати 17:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад.

Ҳамзамон 9 апрел, соати 9:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ва Туркманистон доир карда мешавад.

Сипас баргузории Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон дар назар дошта шудааст.

Дар Анҷуман беш аз 67 ширкати  калон ва хурду миёнаи Туркманистон  дар соҳаҳои омехта, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, асбоби рӯзгор, қаҳва, туризм, сохтмон, савдо, маҳсулоти пластикӣ, хизматрасонии машваратӣ, маҳсулоти конселярӣ, текстил, истеҳсоли риштаҳои полипропиленӣ ва ғайра иштирок менамоянд.

Ҳамзамон дар ҳошияи Анҷуман баргузории мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорони ду ҷониб дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар назар аст.

Дар доираи баргузории Анҷуман мазкур баимзорасонии санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Туркманистон пешбинӣ гардидааст.

Инчунин дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти зиёиёни эҷодкори Тоҷикистону Туркманистон дар назар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2023 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид