«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Ҳисор даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ҲИСОР, 26.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 апрел дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор бо мақсади дар руҳияи зебоипарастӣ тарбия намудани бонувон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, бахусус, густариши ҳунари чакандӯзӣ байни занону духтарон, инчунин таҷассуми нақшу нигори миллӣ дар матоъ ва ташвиқу тарғиби либоси миллӣ даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Дар ҳамоиш тарроҳону чакандӯзон аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, литсею коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилотию томактабӣ иштирок карда, ҷавондухтарон ва писарон намунаҳои зиёди либоси чакан ва пероҳану тоқиҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфтаи писаронаро, ки муаррифи фарҳанги дирӯзу имрӯзи тоҷикон буд, ба намоиш гузоштанд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба беҳтарин муаррифони либоси миллӣ, тарроҳону чакандӯзон ва чаканпӯшон сипосномаю туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо истифода аз сарулибоси миллӣ барномаи рангини театриро иборат аз шеъру тарона ва рақсҳои ҷолиб пешкаши иштирокчиён намуданд, ки сазовори истиқболи гарму самимии тамошобинон гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор














«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






