САДРИДДИН АЙНӢ — АВВАЛИН ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН. Саҳми ин абармард дар рушди адабиёти муосири тоҷик бағоят бузург аст

Апрель 15, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ аст. Дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту адабиёти халқи тоҷик Устод Айнӣ шахсиятест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардонидааст.

Садриддин Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухоро, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд ёфтааст. Айёми бачагиашро дар байни аҳли заҳматкаш — деҳқонон ва косибони деҳа мегузаронад. Ҳикояту афсонаҳои аҷоибу ғароиб, суруду таронаҳои дилчасп ва латифаю зарбулмасалҳои пурҳикмат, ки аз одамони хуштабъу заковатманд мешунид, ӯро бо олами сеҳрангези эҷодиёти бадеии халқ шинос менамуд. Ҳангоми мактабхониаш аввалин бор бо баъзе намунаҳои ғазалиёти Ҳофиз, Соиб, Бедил ва дигар устодони назм шиносоӣ пайдо мекунад. Бо сабақҳои пандомӯзи падари худ Саидмуродхоҷа, ки шахси маърифатдӯст ва мухлиси адабиёт буд, тарбият ёфта, аз хурдсолӣ дар дилаш нисбат ба илму дониш ва шеъру шоирӣ муҳаббат мепарварад.

Пас аз вафоти падару модар ба сахтиҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, соли 1890 бо нияти таҳсил ба Бухоро меояд. Дар солҳои аввал ба сабаби муҳтоҷӣ ва тангдастӣ маҷбур мешавад, ки хизмати ҳуҷрадорони мадраса ва муллобачаҳои давлатмандро адо намуда, дар вақтҳои фароғат дарсхонӣ кунад. Роҳ ёфтан ба муҳити илмӣ ва адабии Бухоро, алоқа пайдо кардан бо зиёиёни равшанзамир ва махсусан шинос шудан бо ақидаҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш  дар инкишофи фикрии ӯ таъсири муфид мерасонад. Пас аз хатми мадраса фаъолияти адабию ҷамъиятии худро ба мароми маорифпарварӣ марбут намуда, дар таъсиси мактабҳои усули нав ва ислоҳи таълиму тадрис иштирок мекунад. Ин иқдоми ӯ дар натиҷаи алоқаманд гардидан бо ҳаракати ислоҳотталабонаи ҷадидӣ аз камбудиҳои ғоявӣ холӣ набуд, аммо бо вуҷуди ин дар ҳамон шароити истибдод ва таассуби динӣ як амалиёти мухолифи тартиботи аморат ба шумор мерафт.

Дар давраи ҷанги якуми ҷаҳон таъқиботи ҳукумати амирӣ қувват гирифта, бисёр одамони тараққихоҳ аз Бухоро фирор мекунанд. Садриддин Айнӣ ҳам ба Қизилтеппа рафта, чанд вақт дар заводи пахта кор мекунад. Сипас ба тарафҳои Қаршӣ, Самарқанд, Хуҷанд ва Фарғона сафар намуда, дар ҳама ҷо манзараҳои мудҳиши зулму истисмор ва аҳволи бади коргарону деҳқононро мушоҳида мекунад ва нафраташ ба сохти мавҷуда боз ҳам зиёдтар мегардад. Баъди баргаштан ба Бухоро дигар ба тарғиби мактаб ва маориф маҳдуд нашуда, беш аз пеш ба масъалаҳои сиёсӣ низ дахл менамояд. Моҳи апрели соли 1917, дар рӯзҳои ҳуҷуми қувваҳои иртиҷоӣ аз тарафи одамони амир дастгир шуда, бо 75 дарра ба таври ваҳшиёна ҷазо мебинад. Ӯро дар ҳолати абгорӣ аскарони рус аз зиндон халос карда, ба Когон меоваранд. Қариб ду моҳ дар беморхона табобат ёфта, 3 июни ҳамон сол ба Самарқанд меравад ва он ҷоро истиқоматгоҳи доимии худ интихоб мекунад. Инқилоби Октябрро бо хушнудӣ пешвоз гирифта, аз рӯзҳои аввал ба хизмати он қамар мебандад ва дар сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ фаъолона иштирок менамояд. Аз соли 1918 дар системаи маорифи халк ва дар нахустин матбуоти инқилобии тоҷик ва узбек кор мекунад. Баъд аз ташкил ёфтани Республикаи Советии Халқии Бухоро муддате дар консулхона ва баъд дар идораи тиҷоратии он дар Самарқанд хизмат мснамояд. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаи мушовир ва муҳаррири адабиро адо мекунад.

Соли 1934 дар Анҷумани якуми Умумиттифоқии нависандагон иштирок намуда, узви раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб мешавад. Соли 1943 аъзои фахрии Академияи фанҳои Узбекистон мегардад. Соли 1948 шӯрои илмии Университети давлатии Ленинград ба вай унвони доктори илми филологӣ медиҳад. Соли 1951 академик ва аввалин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб мешавад.

Осори адабии ӯ аз назм ва наср фароҳам омадааст. Нахустин шеърҳояш бо тахаллусҳои «Мӯҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса гуфта шудаанд. Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул карда, бо ҳамин ном дар адабиёт машҳур мегардад. Шеърҳои мадрасавии вай дар пайравии шоирони гузашта ва муосир иншо шуда, бештар ба зиндагонии давраи таҳсилаш алоқаманд буданд. Чанде аз ин қабил шеърҳояш дар тазкира ва баёзҳои он замон дохил шудаанд. Баъдтар дар ҷараёни фаъолияти маърифатпарварии худ шеърҳои таълимӣ мегӯяд. Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909-1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмак ва парвона» (1917) дорои аҳамияти тарбиявӣ ва иҷтимоӣ буда, аз беҳтарин асарҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд.

Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёт ва эҷодиёти худро бо тақдири халқи мубориз ва бунёдкори шӯравӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд меоварад. Шеърҳои дар солҳои 1918-1921 навиштаи С.Айнӣ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилалӣ «Якуми Май» ва ғайра дар маҷаллаи «Шуълаи инқилоб», рӯзномаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмуаи ӯ «Ахтари инқилоб» (Бухоро, 1923) дохил гардидааст.

Дар ин солҳо Садриддин Айнӣ оид ба мавзуъҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ бисёр мақолаҳои публитсистӣ навишта, моҳияти воқеаҳои ҳаррӯзаи давраи инқилобро ба омма фаҳмонда медиҳад. Тадриҷан ӯ зарурати дар эҷоди бадеӣ тасвир намудани образи қаҳрамонон ва бунёдкунандагони ҷамъияти сотсиалистиро ҳис карда ва дар адои ин вазифа насрро шакли мувофиқтар дониста, ба насрнависӣ мегузарад ва аввалин шуда, очерк, ҳикоя ва повесту романро дар адабиётамон татбиқ намуда, асосгузори насри реалистии тоҷик мегардад.

Соли 1920 якумин повести худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, бо санаду далелҳои таърихӣ разолат ва фоҷеаҳои рӯзҳои вопасини аморатро фош мекунад. Пас аз ин повести дигари худ «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина»-ро ба вуҷуд оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924-1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп мекунонад. Соли 1927 тамоми повест бо унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида иашр мешавад. Дар ин асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ дар арафаи инқилоб тасвир ёфтааст. Соли 1930 якумин романи нависанда «Дохунда» аз чоп мебарояд, ки лавҳаҳои зиндагонии пеш аз инқилоб, давраи он ва ҷангҳои ҳамватаниро фаро гирифта, муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва бунёди сохти нав нишон медиҳад.

Соли 1935 калонтарин романи Айнӣ «Ғуломон» нашр мегардад. Ин асарест, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро инъикос намуда, дар бораи чӣ тавр аз ҳолати мазлумӣ ба зиндагонии саодатмандонаи сотсиалистӣ расидани онҳоро нақл мекунад. С.Айнӣ ба воситаи ин повесту романҳои худ аввалин бор дар таърихи адабиётамон оммаи меҳнаткашро қаҳрамони асосии адабиёт гардонд.

Дар зарфи солҳои 1935-1940 боз якчанд асарҳои насрӣ, аз ҷумла повестҳои «Мактаби кӯҳна», «Марги судхӯр» ва «Ятим»-ро эҷод менамояд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ як силсила ҳикоя, очеркҳои таърихӣ ва мақолаҳои публитсистӣ таълиф намуда, қалби ватандӯстонаи тоҷикро ба ҷушу хурӯш меорад ва адовати онҳоро ба муқобили фашизм меафзояд. Дар солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии С.Айнӣ «Ёддоштҳо» ба табъ мерасад, ки дар он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳастии халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтааст. Ин асар, ки ҳам дар баёни ҳақиқати зиндагӣ ва дар бар гирифтани хулосаҳои амиқи пурҳикмат ва ҳам дар нигоришоти бадеӣ ва офариниши образҳои мухталиф ба авҷи камол расидани маҳорати адабии нависандаро нишон медиҳад, на фақат дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказиро ишғол намудааст, балки яке аз муваффақияти ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг мебошад.

Соли 1950 барои ду ҷилди аввали «Ёддоштҳо» Айнӣ ба гирифтани Мукофоти давлатӣ мушарраф мегардад. Дар давраи шӯравӣ асосан ба насрнависӣ машғул шуда бошад ҳам, шеъргӯиро тамоман тарк накарда, ҳар вақт дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик», «Тоҷикистони сурх», маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ва «Шарқи Сурх» шеърҳои таблиғотӣ, қасида ва манзумаҳою достонҳои худро чоп мекунад. Намунаҳои осори манзуми дар давраҳои гуногун навиштаи ӯ дар маҷмӯаҳои «Ёдгорӣ» (1935) ва «Ашъори мунтахаб» 11958) гирд оварда шудааст.

Садриддин Айнӣ дар баробари фаъолияти адабӣ бисёр асарҳои илмӣ низ таълиф намудааст. Чунончи, доир ба таърих ду рисолаи калон—«Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (Тошканд, 1923) ва «Материалҳо оид ба таърихи инқилоби Бухоро» (Москва, 1926), инчунин якчанд мақола ва очеркҳои таҳқиқотӣ навиштааст. Мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои забоншиносӣ дар солҳои бистум барои демократӣ кунонидани забони адабии тоҷик ва инкишофи он нақши муҳим бозидааст.

Хизмати Айнӣ махсусан дар соҳаи адабиётшиносӣ хеле бузург аст. Адабиётшиносии советии тоҷик таърихи худро бо нахустин асари тадқиқотии ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) оғоз менамояд. Рисолаҳои илмии вай дар хусуси ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Восифӣ ва ғайра ҳанӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Осори адабӣ ва илмии С.Айнӣ дар куллиёти понздаҳҷилда гирд оварда шудааст. С.Айнӣ як қисми асарҳояшро ба забонҳои узбекӣ таълиф ва тарҷима намуда, дар тараққиёти адабиёти советии узбек низ саҳм гузоштааст. Муҳимтарини ин қабил асарҳояш дар маҷмуаи шашҷилда ба забони узбекӣ дар Тошканд нашр шудааст. С.Айнӣ дар нашри осори гузаштагон, тарҷума ва таҳрири асарҳои тарҷумавии нависандагони халқҳои бародар фаъолона иштирок намудааст. Тарҷумаи романи Ф. Дюшен «Қамар» (1927) ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Аксарияти таълифоти С.Айнӣ, хусусан асарҳои калони насриаш ба забони қариб ҳамаи халқҳои мамлакатамон ва бисёр забонҳои хориҷӣ тарҷума ва чандин бор нашр гардидаанд.

С.Айнӣ узви Комитети Иҷроияи Марказии Республикаи Советии Халқии Бухоро (1923), узви КИМ РСС Тоҷикистон (1929), депутати Советии Олии СССР (1950-1954), депутати Советии Олии РСС Тоҷикистон (1947) ва борҳо депутати советии шаҳрии Душанбе ва Самарқанд интихоб шудааст. Узви раёсати Иттифоқи нависандагони СССР (1934), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1940) мебошад. Барои хизматҳои адабӣ ва ҷамъиятиаш бо се ордени Ленин (1941), 1948. 1949), «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1953), ордени ҷумҳуриявии «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1931) ва ифтихорномаҳои Советии Олии Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотонида шудааст.

Дар шаҳри Душанбе осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ ва дар шаҳри Самарқанд (дар ҷои ҳавлии нависанда) осорхонаи ёдгории Садриддин Айнӣ ташкил гардидааст. Соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ унвони аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон дода шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 15, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад