САЛОМ, ТОБИСТОН! Корҳои омодагӣ барои ташкили истироҳати бофароғати кӯдакону наврасон дар соли 2023 оғоз гардиданд

Апрель 1, 2023 14:28

ДУШАНБЕ, 01.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2023» раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат вазифадор карда шудаанд, ки то 1 июни соли 2023 корҳои сохтмонӣ, таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ, кабудизоркунию ниҳолшинониро дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ ба анҷом расонида, дар бораи омодагии онҳо барои истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Дар қарори мазкур ҳамчунин омадааст, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии методии ташкили истироҳати тобистонаи кўдакону наврасонро таъмин карда, барои самаранок гузаронидани чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва таъминоти истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои омўзгорӣ чораҷўӣ намояд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шудааст, ки ҷиҳати бо мутахассисони зарурии тиббӣ таъмин намудани истироҳатгоҳҳо ва фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ тадбирҳо андешида, назорати вазъи санитарию гигении истироҳатгоҳҳоро дар давраи таътили тобистона таъмин созад.

Роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, инчунин масъулини сохторҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки дар давраи истироҳати кўдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳо ва фароғатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ оид ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бехатарӣ аз сўхтор, тарбияи ватандўстӣ, интизом ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ вохўрию суҳбатҳои ҷолиб ташкил намоянд.

Тибқи қарори мазкур, масъулин муваззаф гардидаанд, ки истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишӣ-солимгардонӣ ва наздимактабиро бо мутахассисон таъмин намуда, барои пешниҳоди роҳхатҳо ба кўдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, кўдакони болаёқат ва фарзандони кормандони соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола бо фаро расидани фасли тобистон ва оғози таътил дар ҷумҳурӣ беш аз 2000 лагеру мавзеъҳои истироҳатӣ барои кўдакону наврасон ташкил карда мешаванд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Апрель 1, 2023 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд