САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙН. Имсол бори аввал дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» довталабон аз рўи ин номинатсияҳо маҳорат месанҷанд
ДУШАНБЕ, 29.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дирўз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакари шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати фарҳанг вобаста ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» машғулияти омўзишӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки вобаста ба баргузории озмуни мазкур дар минтақаҳои мамлакат гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст.
Дар машғулияти мазкур муовинони раисони ноҳияҳо (сарпарасти соҳа), сардорони раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанг, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф ва илм, ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, директорони мактабҳои санъат, мусиқӣ, рассомӣ ва дигар шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт, ки шомили ин гурўҳҳои корӣ мебошанд, иштирок намуданд.
Дар оғози машғулият муовини якуми Вазири фарҳанг Обид Назариён вобаста ба сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон, махсусан дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи фарҳангу санъати миллӣ, ҳадафу талаботи низомномаи озмун ва тартиби баргузории он ибрози андеша намуд.
Сипас ба иштирокдорони машғулият доир ба ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маҳалҳо ва муассисаҳои таълимӣ тавсияҳои муфид пешниҳод гардида инчунин бораи талаботи низомномавии озмун ва номинатсияҳои нав воридшуда – санъати тасвирӣ ва дизайн маълумоти муфассал дода шуд. Аз онҳо баҳри дар сатҳи баланди ташкиливу эҷодӣ ва шаффоф баргузор намудани ин озмун даъват ба амал оварда шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон ин озмун аз рӯйи 5 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад.
Номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор мегарданд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ ширкат мекунанд.
Дар ин замина, шумораи ҷойҳо барои ғолибони озмун 40 адад зиёд гардида, дар маҷмуъ 115 ҷойро ташкил медиҳад. Ҳамчунин шумораи ғолибони Ҷоизаи ифтихорӣ (шоҳҷоиза) низ 2 нафар зиёд шуда, ба 5 нафар мерасад.
Шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври сеюми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Ҷоизаи ифтихорӣ (шоҳҷоиза) мегарданд, 15 адад зиёд гардида, ба 61 адад расонида шудааст.
Вобаста ба тағйироти зикргардида маблағи мукофоти ғолибон ва баргузории озмун 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1 210 000 сомонӣ зиёд мебошад.
Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.
Хотиррасон мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, рассомӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҳсоси зебоишиносӣ, тақвияти ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, боло бурдани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.
Соли 2023 озмун миёни гурӯҳҳои касбӣ — хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин коллеҷҳои санъату рассомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳо ва театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ ва гурӯҳи ҳаваскорон — хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ходимони илмӣ ва эҷодӣ гузаронида мешавад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






