ШАРҲИ КОРШИНОС. Роҳи ягонаи мубориза бар зидди ҳаракатҳои ифротӣ ба вуҷуд овардани низоми қавии иттилоотӣ аст

Апрель 29, 2023 18:08

ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиби ғояҳои ифротгароиро ба таври густурда ба роҳ мондаанд. Ҳаракатҳои ифротӣ талош доранд бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва таҳрифи ақидаҳои динӣ ба мафкураи мардум таъсири зиёди равонӣ гузоранд.

Ба гуфтаи коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Маҳмадзоир, барои расидан ба ҳадафҳои болозикр гурӯҳҳои тундрав пайваста ҳуҷумҳои интернетӣ анҷом медиҳанд. Ва онҳо бо ҳар роҳу восита мавҷудияти миллат ва давлатҳои миллиро инкор менамоянду инро мехоҳанд дар мафкураи мардум ба таври иҷборӣ ҷой диҳанд.

Дар зер андешаҳои коршиносро оид ба шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун майдони нави таблиғи идеологияи ифротгароӣ пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Рушди устувори  технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ шароити нави муборизаи идеологиро ба вуҷуд  овардааст. Шароити бавуҷудомада имкон дод, ки ҳаракатҳои террористӣ-ифротгароӣ интернетро ҳамчун абзори муносиб барои тарғибу ташвиқи ғояҳои харобиовари худ истифода намоянд. Зиёда аз ин, имрӯз созмонҳои террористӣ аз усул ва воситаҳои ҷанги гибридӣ ба таври васеъ истифода мебаранд.

Ҳоло шабакаи ҷаҳонии интернет дар баробари манфиатовар будан ба ҳамон андоза хатарнок мебошад. Зеро шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо манбаи иттилоърасонӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанг ва муносибатҳои байни одамонро танзим менамояд, инчунин майдони ҷанги идеологӣ – равонии ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ бар зидди давлатҳои миллӣ гардидааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Фейсбук», «Одноклассник», «Инстаграм», «Тик-ток», «Телеграм», «Твитер» ва ғайра ба таври густурда ғояҳои қавмгароӣ, тундгароӣ, ифротгароӣ, террористӣ ва бадбинии этникӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ-ифротгароӣ таблиғу ташвиқ мешаванд. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки интернет ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ шароити таблиғи ғояҳо ва ақидаҳои ифоротиро фароҳам овардааст.

Бояд тазаккур дод, ки шабакаҳои иҷтимоиро мардуми оммӣ бештар дар ҳаёти рӯзмарраи худ истифода мебаранд, ки ин омил барои фаъолияти ҳаракатҳои тундгаро ва иртиҷоӣ бисёр муфид аст, зеро инро фурсати муносиб барои таблиғи ғояҳои ифротии худ медонанд. Агар ба шабакаҳои иҷтимоӣ назар андозем, маълум мегардад, ки садҳо саҳифаҳои хусусӣ то гурӯҳҳои маҷозӣ ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ марбут мебошанд.

Имрӯз баъзе созмонҳои террористӣ-экстремистӣ дорои телевизион, радио ва сомонаҳо ҳастанд, ки ба онҳо имкон медиҳад, таблиғотро аз тариқи маҳвора ва ВАО ба таври густурда ба роҳ монанд. Имконияти гуфташуда дастрасии комили ташкилотҳои ифротгароӣ-террористиро барои таъсир расонидан ба афкори ҷомеа фароҳам овардааст. Ин дастрасӣ боис мегардад, ки тамоюли густариши нафрат байни мардум боло бигирад ва таҳаммулпазирӣ аз байн равад. Чунин ҳолат оқибат ба низоъ ва бесуботӣ дар минтақаҳои гуногуни олам бурда мерасонад.

Вобаста ба ин дунёи маҷозӣ ба ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ имкон дод, ки ба сафҳои худ ҷавонони дорои касбияти гуногун, аз ҷумла барномасозонро ҷалб намоянд, ки дар натиҷа кибермуҷоҳидин, нуқтаҳои вохӯрӣ ва пойгоҳҳои интернетии террористиро рушд доданд.

Ба вуҷуд омадани чунин шароит ба роҳбарон ва аъзои гурӯҳҳои иртиҷоӣ имкон дод, ки амнияти худро таъмин намоянд ва усулҳои нави иртиботиро бо ячейкаҳои хуфтаи худ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монанд. Масалан, аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар ҷойи амн қарор мегирад ва нафарони ҷалбкаркардаро тариқи интернет ба амалҳои террористӣ ҷалб карда, равандро пурра назорат мекунанд. Инчунин аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ маблағгузориро роҳандозӣ кардаанд. Акнун шабакаҳои иҷтимоӣ хати нави ҷабҳа ё майдони нави муборизаҳо байни ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ва кишварҳои алоҳида гардидааст. Ҳамчунин сиёсати духӯрагии баъзе қудратҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нисбат ба гурӯҳҳои террористӣ-ифротгароӣ имкон дод, ки аз сатҳи маҳал то ба сатҳи минтақа ва ҷаҳон таҳдид эҷод намоянду худро пинҳон карда тавонанд. Чунин ҳолат дар самти пешгирии амалҳои террористӣ ва  мубориза ба муқобили созмонҳои террористӣ-экстремистӣ мушкилоти зиёд эҷод намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ташкилоти ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ниқоби риёкорӣ пӯшида, бо роҳи фиребу иғвогарӣ ва бо истифода аз назарфиребии сиёсӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин ба ҳаёти  шахсии шаҳрвандон дахолат намуда, аксу наворҳои қалбакӣ, иттиҳомоти бардурӯғ ва ибораҳои таҳқиромезро нисбат ба роҳбарон, нухбагон ва шахсияти алоҳида раво мебинанд. Ин гуна амалкардҳо, пеш аз ҳама, нишони нотавонии ин гурӯҳҳоро нишон медиҳад, ки ягон барнома ва нақшаҳои комил рӯйи даст надоранд ва бо дастони ноаён барои бесуботнамоии ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои геополитикии баъзе кишварҳои абарқудрат идораву роҳнамоӣ мешаванд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти ташкилотҳои террористӣ дар фазои маҷозӣ давлатҳоро водор кард, ки барои пешгирии фаъолияти харобкоронаи гурӯҳҳои ифротгароӣ ва тундрав на танҳо дар алоҳидагӣ, балки бештар дар шарикӣ технологияи муқовимати иттилоотиро тақвият диҳанд. Дар натиҷа, системаи иттилоотии мутамарказ ба вуҷуд оварда шуд. Низоми мазкур барои бар зидди терроризми байналмилалӣ муқовимат кардан дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ тақвият ёфт, ки таъсири мақсадноки системаҳои иттилоотиро нишон медиҳад. Масалан, имрӯз давлатҳо дар иттиҳод дорои системаи иттилоотии мутамарказ мебошанд. Ҳамчунин созмонҳои дорои хусусияти амниятӣ — СААД, инчунин СММ, СҲШ, ИДМ, ки дар таркиби созмонҳои мазкур ниҳодҳои махсус доир ба мубориза ба терроризм ҷой дошта, дар фазои иттилоотӣ низ фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ-экстремистиро таъқиб менамоянд.

Ҳамин тавр, дар олами муосир иттилоот, ки муҳимтарин рукни он ба ҳисоб меравад, ҷангҳои гибридӣ, муборизаҳои иттилоотӣ торафт бештар мегардад ва иттилоот ҳамчун силоҳ истифода мегардал. Роҳи ягонаи ҳифзи фазои иттилоотӣ — истиқлоли технологӣ ва ба вуҷуд овардани системаи иттилоотии қавӣ мебошад. Зеро бештари маълумот тариқи интернет радду бадал мешавад ва мардум ҳам аз интернет иттилоотро дарёфт мекунад ва хабари бардурӯғ метавонад мардумро ба гумроҳӣ ва ҷомеаро ба бесарусомонӣ бурда расонад.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 29, 2023 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад