Таҳқиқот: Парижро то нимаи аср гармии тобистонаи то 50 дараҷа интизор аст
ДУШАНБЕ, 27.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда Париж метавонад бо мавҷҳои гармии шадид ва ҳарорати баланди тобистонаи аз 50 дараҷаи Селсия зиёд рӯбарӯ шавад,-чунин омадааст дар гузориши нав, ки рӯзҳои наздик дар толори шаҳрдории Париж баррасӣ мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус «АЗЕРТАҶ» бо истинод ба «Евронюс» хабар додааст.
Бе мутобиқшавии фаврӣ шаҳр метавонад то нимаи аср ба таври тоқатфарсо гарм шавад,- ҳушдор медиҳанд муаллифони таҳқиқот.
Ҳисобот аз ҷониби гурӯҳи байниҳизбии сиёсатмадорон ва муҳандис Франк Лирзен, муаллифи китоби «Париж ва тағйирёбии иқлим» омода карда шудааст.
Рекорди ҳозираи ҳарорат дар шаҳр — 42,6 дараҷа дар соя аст, ки соли 2019 муқаррар карда шудааст. Аммо то соли 2050 ин рақам метавонад ҳашт дараҷа боло ҷаҳад.
Шаҳрҳо махсусан ба давраи тӯлонии ҳавои гарм осебпазиранд. Париж назар ба минтақаҳои деҳоти атроф ба ҳисоби миёна 2—3 дарача гармтар аст. Ҳангоми гармии ғайримуқаррарӣ ин фарқият метавонад ба 10 дараҷа расад.
Акс: «АЗЕРТАҶ»








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






