ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 апрел, сешанбе, 101-умин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 11, 2023 08:00

11 апрели соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Пратибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рўзи  соли 2013 дар Белгия масоили ҳамкории Тоҷикистон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуда,  Форуми «Имконоти нави сармоягузорӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон» баргузор  гардид.

***

11 апрели соли 2017  дар Қасри миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нави кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон  эътимоднома қабул намуданд.

11 АПРЕЛ:

Рӯзи ҷаҳонии озоднамоии маҳбусони лагерҳои фашистӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории Паркинсон.

РӮЙДОДҲО: 

11 апрели соли 2022 Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии киберварзиш шомил гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 дастаи мунтахаби то 15-солаи Тоҷикистон оид ба футбол соҳиби Ҷоми «Роҳи абрешим-Ҳуа-Шан-2019» гардид.

***

11 апрели соли 2019  Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи баргузор намудани Ниммарафони X-уми  байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт тасдиқ гардид.

 ***

6 сол қабл, 11 апрели соли 2017 бори нахуст баъд аз 25 соли таваққуф ҳавопаймои «Airbus A320», мутааллиқ ба ширкати ҳавонавардии Узбекистон «Ozbekiston havo yollari» бо 29 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.

***

11 апрели соли 2011 Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамгироӣ дар самти рушд ва ислоҳоти милитсия ба имзо расониданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Махфират Ҳамроқулова-соли 1955- овозхони эстрадаи тоҷик, сарояндаи дастаи эстрадии «Гулшан»,  Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон

Апрель 11, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш