ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 апрел, якшанбе, 92-юмин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 2, 2023 08:00

2 апрели соли 2014 дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон маркази таълимӣ ва  истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии Шероз, ки дар назди Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Зиннат» таъсис ёфтааст, ифтитоҳ гардид.

***

Дар ин рўзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакӣ шинос шуданд.

***

2 апрели соли 2019 дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Темурмалик»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

2 АПРЕЛ:

Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакона.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии паҳннамоии иттилоот оид ба бемории аутизм.

РӮЙДОДҲО: 

 Дар ин рўзи соли 2019 аз Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ,  аз болои дарёи Сир дар масофаи беш аз як километр «Роҳи танобӣ» ба истифода дода шуд.

***

2 апрели соли 2018 баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Узбекистон додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя аз нав шуруъ гардид.

***

2 апрели соли 2022 Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» бахшида ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор (солҳои 2018-2028)» таҳти унвони «Пиряхҳо -ҳамчун манбаи обҳои мусаффои Тоҷикистон» намоиш ташкил  намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба ҳукми амал даромад.

Апрель 2, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш