ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, якшанбе, 113-умин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 23, 2023 08:00

23 апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби давлатҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Кумамотои Ҷопон баргузор гардид, бо паёми видеоӣ суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рўзи  соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд, ки зимни суҳбат маҷмуи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

***

8 сол қабл, 23 апрели соли 2015 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои сеошёнаи маркази таълимӣ-хизматрасонии «Меҳри Модар» ба истифода дода шуд.

***

10 сол пеш, 23 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ ёфт.

23 АПРЕЛ:

Рӯзи умумиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқҳои муаллиф.

***

Рӯзи забони англисӣ дар Созмони Милали Муттаҳид.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2022 бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар Ҷамоати шаҳраки «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ коргоҳи истеҳсоли мебели оҳанӣ ба фаъолият оғоз намуд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Москва ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд.

***

23 апрели соли 2016 дар Душанбе масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Минск дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ муҳокима гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1958 нахустин анҷумани рассомони Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Абдуҷаббор Азизӣ-  соли 1955 -ходими давлатии Тоҷикистон

***

Қурбоналӣ Абдулло -соли  1964 -овозхони номдори тоҷик, Ҳунар­пешаи шоистаи Тоҷикистон.

Апрель 23, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш