ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, якшанбе, 99-умин рӯзи соли 2023 аст

Апрель 9, 2023 08:00

9 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳри Исфараи вилояти Суғд мулоқоти самимиву созанда анҷом доданд.

***

Дар ин рўзи  соли 2020  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

9 апрели соли 2013 сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия  оғоз гардид.

***

10 сол қабл, дар ин рўзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Брюссел Президенти Ассотсиатсияи тандурустии Шоҳигарии Белгия Дирк Ламбрехтсро ба ҳузур пазируфтанд.

***

9 апрели  соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо котиби генералии НАТО Андерсон  Фог Расмуссен мулоқот намуданд. 

9 АПРЕЛ:

Рӯзи осорхонаҳо дар Нидерланд.

***

Рӯзи забони финӣ.

РӮЙДОДҲО:

 14 сол пеш, 9 апрели соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ордени олимпии Шӯрои Осиё сарфароз гардиданд.

***

9 апрели соли 2011 дар Тоҷикистон сохтори нави СММ- UN WOMEN( занҳо)  рӯнамоӣ карда шуд.

 ***

22 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2001 нишасти аввалини Комиссияи байниҳукуматии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар тамоми самтҳо баррасӣ гардид.

***

9 апрели соли 2010 дар  Москва  бори  аввал  дар таърихи Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил  маросими  супоридани  ҷоизаи   байнидавлатии  «Ситораҳои  Иттиҳод»  баргузор  гардид, ки  дар он олими  маъруфи  ситорашиноси  Тоҷикистон  Пӯлод  Бобоҷонов  низ   дар  бахши  «Илм ва  маориф»  ба  ин  ҷоиза сазовор  дониста шуд.

***

9 апрели соли 2012 зимни баргузории  Бозиҳои интихобии Осиё барои дарёфти роҳхат ба бозиҳои олимпии Лондон-2012 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон  чемпиони  Тоҷикистон дар соли 2012 дар риштаи бокс Собирҷон Назаров бар ҳарифони худ ғолиб омада, дар вазни 57 кг сазовори роҳхати олимпии Лондон-2012 гардид.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД: 

Рафиқа Мусоева -соли 1953- ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ

Апрель 9, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш