Тоҷикистон ва Молдова ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматиро баргузор намуданд

Апрель 29, 2023 17:17

ДУШАНБЕ, 29.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Молдоваро дар бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати анҷом додани иқдомҳои муштарак барои тақвияти минбаъдаи равобити  мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Молдова изҳори омодагӣ намуданд.

Оид ба натиҷаҳои ҷаласа протокол ба имзо расид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 29, 2023 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд