Тоҷикистон ва Сербия масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 08.04.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 апрел мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини якуми Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардида, ҳавасмандии ҷонибҳо барои рушди манбаъдаи муносибатҳо дар соҳаҳои мавриди назар иброз шуд.
Ҳамсуҳбатон истифодаи имконоти абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Кумитаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Сербияро оид ба тиҷорат, ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ дар тавсеаю таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи ду мамлакат муҳим арзёбӣ карданд.
Мавзуи иштирок дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар меҳвари гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






