ВАТАНДӮСТӢ АЗ ОИЛА САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш доир шуд

Апрель 16, 2023 19:08

КӮЛОБ, 16.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»  дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки донишмандони ҷумҳурӣ конфронси ҳизбӣ таҳти унвони «Ватандӯстӣ аз оила сарчашма мегирад» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар конфронс роҳбарияти шаҳри Кӯлоб, дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, роҳбарияти донишгоҳ,  кормандони масъули ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва  аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар шароити имрӯза ҳар яки моро мебояд дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, илму фарҳанг, техника ва иқтисодиёти Тоҷикистонро рушд бахшем ва бояд ба Ватан, ки баҳрамон тинҷиву осудагиро фароҳам овардааст, ҳаргиз хиёнат нанамоем.  Ҳамеша шукри истиқлоли Ватани маҳбубамонро намоем.

Тазаккур дода шуд, ки тарбияи дурусти наврасону ҷавонон аз оила сарчашма мегирад ва он метавонад идомадиҳандаи рӯзгори осоишта бошад. Азбаски дар аксар маврид душманони миллат паҳлӯи заифи ҳар як дастоварди моро меҷӯянд, фаъолони ҷомеа, аз ҷумла аъзои ҲХДТ-ро мебояд, ки беш аз пеш фаъол бошанд, ба ҳар як сангафкании иғвоангезон вокуниши сареъ ва сазовор нишон дода, ҳамрадиф, тараққиёти мамлакатро боз ҳам возеҳтар муррифӣ кунанд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ ба як қатор ҷавонони шуҷоъву  ватандӯст Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанвӣ тақдим карда шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Апрель 16, 2023 19:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид